
Санаи 23-юми апрели соли 2026 мувофиқи нақша-чорабини ҷамъияти илмӣ-маърифатии “Дониш” дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба хотири бузургдошти 1050 солагии нахустин зани форсигӯй, модари шеъри дарӣ - Робиа бинти Каъби Қуздории Балхӣ таҷлил гардид. Дар маҳфили ҷамъияти мазкур, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илҳои филологӣ, профессор Тағоймуродов Рустам Ҳакимович ҳузур доштанд. Роҳбари ҷамъияти “Дониш” Гулзода Аслам Амирназар пас аз изҳори минатдорию, эҳтиром ва ифтихору сипозгузори нисбати сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақш ва волоияти фарҳанг барои миллат ибрози ақида намуданд.

Гулзода А.А. қайд намуданд, ки “Агар миллат дар ғафлат монад, нобиғаҳои ӯ бегона мешаванд”, бинобар ин барои безаволу абадӣ, барои қоиму устувор нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, мо бояд нобиғаҳои таъриху фарҳанги миллии худро зинда сохта, зинда нигоҳ дошта, нисбати онҳо арҷгузор бошем. Пас аз сухани ифтитоҳӣ, Гулзода А.А. хело ҳам ба таври фишурда дар бораи Робиаи Балхӣ маълумот доданд ва баъд риштаи суханро барои “ҳаловати руҳ” ба устод Рустам Ҳакимович Тағоймуродов (шоир, д.и.ф., профессор) доданд. Устод Рустам Ҳакимович маърӯзае зери унвони “Назаре ба зиндагинома ва ашъори Робиаи Балхӣ” пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Сараввал аз шарҳу тафсири мафҳуми “адабиёт” оғоз намуда, баъдан нақши адабиётро дар фарҳанги миллӣ ва пас ба таҳлили зиндагинома ва шарҳи ашъори шоираи ноком Робиаи Балхӣ пардохтанд.
Устод зина ба зина, давра ба давра ва марҳила ба марҳила дар бораи ному насаб, макони зисту мансубияти миллӣ (ба кадом қавму миллат мутааллиқ буданаш), соҳиби ишқи ҳақиқӣ ё маҷозӣ будани шоира, тааллуқ доштани баъзе ашъор ба қалами ӯ маълумот дода, онҳоро бо далелу бурҳонҳои назмӣ аз ашъори худи шоира ва бо далелҳои насрӣ аз осор ва навиштаҳои муҳаққиқони гуногунмиллату гуногунасаб ва аз сарчашмаҳои гуногуни адабию таърихӣ истифода бурда, асоснок намуданд. Дар итмоми баромади худ устод Рустам Ҳакимович қайд намуданд, ки соли 1965 филме (Ғуломҳабиби Наввобӣ, раиси фарҳанг) аз зиндагиномаи Робиаи Балхӣ дар Кобул ба тасвир кашида шуд.

Ҳамчунин дар Кобул ва Мазору Ҳирот чандин мактабу шифохона ба номи Робиа мусаммо шудааст то номи ӯро дар зеҳни мардуми мо ҷовидона нигоҳдор бошад. Дар масъалаи моҳияти ашъори Робиа мо бар он назарем, ки то он даме, ки инсоният вуҷуд дорад, осори Робиаи Балхӣ мавриди таваҷҷуҳ ва мутолиа қарор хоҳад гирифт. Пас аз ба итмом расидани баромади устод (Рустам Ҳакимович), роҳбари ҷамъияти илмию маърифатии “Дониш” Гулзода Аслам Амирназар ба устод минатдорӣ изҳор намуда бо якчанд мисраи шеърӣ аз ашъори Робиаи Балхӣ маҳфилро ҷамбаст намуданд.
Хабарнигори сомона
