ШИРКАТИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНГРЕССИ IV МИЛЛӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ “САЛОМАТИИ МИЛЛӢ-2025”

22–23 октябри соли 2025 дар шаҳри Москва, дар майдони маркази миллии «Россия», Конгресси IV Миллӣ бо иштироки намояндагони байналмилалӣ “Саломатии миллӣ-2025” баргузор гардид.
Ташкилдиҳандагони асосии ин чорабинии бузург Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ва Бунёди “Росконгресс” буда, Маркази илмӣ-таҳқиқотии ташкил ва иттилооти соҳаи тандурустии Вазорати тандурустии Русия (ФГБУ «ЦНИИОИЗ») ҳамчун шарики ташкилӣ ширкат дошт.
Дар кори Конгресс шахсиятҳои маъруф ва калидии соҳаи тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ: вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко, шаҳрдори Москва Сергей Собянин, президенти ПАО «Сбербанк» Герман Греф, роҳбари Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустӣ Алла Самойлова, инчунин, намояндагони марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои пешбари кишварҳои хориҷӣ иштирок карданд. Дар рафти форум натиҷаҳои рушди соҳаи тандурустӣ дар соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти тиббӣ ва роҳҳои нави рушди тибби муосири Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба масъалаҳои рақамисозии низоми тандурустӣ, баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ин Конгресси байналмилалӣ 6 нафар кормандони соҳаи тандурустии кишвар зери роҳбарии муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Юсуфӣ Саломудин Ҷаббор ширкат намуданд. Ҳайати кормандони тандурустии Тоҷикистон дастовардҳои илмиву амалӣ ва таҷрибаи омӯзиши муосири тиббии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, бо ҳамкорони рус оид ба густариши барномаҳои илмӣ ва таҳсилотӣ табодули назар карданд.
Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ин Конгресс муовини ректор оид ба илм ва нашрия, номзади илмҳои тиб Холзода Ш.И. ширкат варзид. Албатта, баргузории чунин ҳамоишҳо аҳаммияти бузурги илмиву амалӣ доранд ва конгресси мазкур ҷиҳати табодули таҷриба ва татбиқи навовариҳо дар соҳаи тиб, иштироки мутахассисони соҳа ва таҳкими рушди ҳамкориҳои илмӣ ва тарбияи насли нави табибони соҳибкасб аз манфиат холӣ нест. Конгресс бори дигар нишон дод, ки соҳаи тандурустии муосир танҳо дар асоси ҳамкорӣ, илм ва навоварӣ метавонад рушд ёбад.
Чунин вохӯриҳои сатҳи олӣ ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Русия дар соҳаи тиб мусоидат хоҳад намуд.
 
Муовинати илм ва нашрия.
Возможно, это изображение помост и текст

Нет описания фото.

Please publish modules in offcanvas position.