ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 1-уми ноябри соли 2025 дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор шуд. Ҷаласаро раиси Шӯрои олимон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба кори ҷаласа хайрамақдам гуфт.
Пеш аз оғози баррасии масъалаҳои рӯзнома, профессор Убайдулло Қурбон доир ба дастовардҳои назарраси моҳи гузашта дар фаъолияти донишгоҳ ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки моҳи октябр барои аҳли донишгоҳ моҳи пур аз рӯйдодҳои муҳиму таърихӣ буд. Ташрифи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ва дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳи ду бинои нави таълимӣ барои ҳайати омӯзгорону донишҷӯён як саҳифаи нав ва ҳодисаи фараҳбахш дар таърихи донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Раиси Шуро дар идома, н.и.т., дотсент Абдуллозода Ҳ.А.-ро бо ҷашни 60-умин солгарди умрашон, Азизуллоев А.А. - мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ, профессори фахрии донишгоҳро, ки бо қарори Вазорати маориф ва илми ҶТ бо Нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд, аз номи аъзои Шурои олимон табрику таҳният намуд. Ҳамзамон, ба омӯзгорони донишгоҳ – н.и.т. Холзода Ш.И., н.и.т. Пиров Б.С., н.и.т. Айниев Б.С. ва Камолов А.С., ки бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи тахассуси олии тиббӣ сарфароз гардонида шуданд, шаҳодатнома тақдим карда шуд.
Инчунин, як гурӯҳ аз аъзои Раёсат ва кормандони фаъоли донишгоҳ, ки дар омодагӣ ва пешвозгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар сохтмон ва ба истифода супурдани биноҳои нави таълимӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо Сипосномаи Ректори донишгоҳ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Профессор Убайдулло Қурбон зикр намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи ҳайати омӯзгорону кормандон ва роҳбарияти донишгоҳ буда, ин руҳияи эҷодкориро дар байни кормандон боз ҳам афзун мегардонад.
Сипас ба баррасии масъалаҳои дар рӯзнома дарҷгардида шуруъ намуданд, ки як қатор масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти донишгоҳро дарбар гирифта буданд.
Дар масъалаи якум муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳисоботи муфассал оид ба фаъолияти таълимӣ ва методӣ дар соли таҳсили 2024–2025-ро ироа намуд. Дар гузориши худ ӯ ба дастовардҳои ҷолиб, такмил додани барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар равандҳои таълим ва баланд бардоштани сатҳи малакаи омӯзгорон таваҷҷуҳ намуд.
Дар масъалаи дуюм муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва фарҳанг Бунёдзода С.Х. ҳисобот дар бораи фаъолияти тарбиявӣ ва фарҳангии донишгоҳ дар соли таҳсили 2024-2025-ро манзури аъзо гардонид. Қайд намуд, ки бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар давоми сол як қатор чорабиниҳои маънавию фарҳангӣ, бадеию зеҳнӣ, суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида, иштироки фаъоли донишҷӯён дар ин чорабиниҳо ба таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносӣ мусоидат намуд.
Дар масъалаи чорум муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т. Холзода Ш.И. доир ба раванди омодагии донишгоҳ барои 6-умин Конференсияи илмӣ-амалии ДДТХ баромад намуд. Ӯ қайд кард, ки омодагӣ ба ин ҳамоиши илмӣ босуръат идома дорад, шумораи зиёди фишурдаҳои илмӣ қабул гардида, кор тибқи нақша ба роҳ монда шудааст.
Дар идома, Файзулозода А.Ф., муовини раиси Комиссия оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», дар бораи вазъи амалишавии қонун дар сохторҳои донишгоҳ маълумот дод. Ӯ таъкид намуд, ки истифодаи забони давлатӣ дар тамоми фаъолияти расмӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, таълим ва муоширати дохилиидоравӣ пурра таъмин гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт мунтазам роҳандозӣ мешаванд.
Дар бахши “Масъалаҳои ҷорӣ” як қатор пешниҳодҳо ва қарорҳои муҳим баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа, профессор Убайдулло Қурбон ба ҳамаи иштирокдорон барои фаъолияти пурсамар ва саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳа изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки вазифаи ҳар як аъзои Шурои олимон, Раёсат, мудирони кафедра ва ҲПО ин таҳкими сатҳи касбият, омӯзонидаи ҳаматарфаи донишҷӯён ва рушди фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ мебошад.
Бо натиҷагирии муҳокимаронӣ ва пешниҳодҳои аъзои Шӯро қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои иҷрои минбаъдаи онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.
 
Хабарнигори сомона.

Please publish modules in offcanvas position.