31-уми октябр дар назди Боғи Парчами ноҳияи Данғара даври ноҳиявии Фестивали вилоятии "Либоси миллӣ-нишонаи тамаддун ва фарҳанги миллӣ" бо иштироки бонувон ва ҷавондухатрони муассисаҳои таълимӣ, идораву муассисаҳои ҳудуди ноҳия баргузор шуд.
Мақсад аз баргузории Фестивали мазкур баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ташвиқи либоспӯшии миллӣ миёни ҷавонон мебошад.
Дар ин чорабинии бошукуҳ намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҳунармандони мардумӣ иштирок намуданд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ бо роҳбарии сардори шуъбаи тарбия ва фарҳанг ва Раиси Шӯрои занон ва духтарон бо ҳамроҳии зиёда аз 100 нафар ҷавондухтарон бо либосҳои гуногуни миллӣ дар ин фестивал иштирок намуданд.
Баргузории чунин фестивалҳо дар таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, ошно сохтани насли нав бо арзишҳои фарҳангӣ ва паҳн намудани фарҳанги либоспӯшии миллӣ нақши муассир дорад. Либоси миллӣ ҳамчун рамзи зебоӣ, одоб ва ҳунари беназири занони тоҷик ифодаи воқеии тамаддун ва фарҳанги ғании миллӣ мебошад.
Дар анҷоми фестивали мазкур Раёсати ДДТХ барои ширкати фаъол ва саҳм гузоштан бо Сипосномаи маҳомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қадрдонӣ карда шуд.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг,
Шурои занон ва духтарони ДДТХ.


