Санаи 5-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, номзади илмҳои тиб Шокирӣ У.Ғ. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, нутқи табрикотии Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро бахшида ба ин ҷашни муҳим қироат намуд. Дар он таъкид ёфт, ки Конститутсияи кишвар таҷассуми ормонҳои давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ буда, барои насли ҷавон ҳамчун роҳнамои созандагӣ ва масъулиятшиносӣ хизмат мекунад. Ҳамчунин зикр гардид, ки донишҷӯён, ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа, бояд Конститутсияро на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки дастури зиндагӣ ва ҳидоятгари фаъолияти шаҳрвандии худ донанд.
Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и донишгоҳ дар ҳамоҳангии Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика барномаи пурмазмун ва рангоранги фарҳангиро пешкаш намуданд, ки аз сурудҳои ватандӯстона, шеъру таронаҳои илҳомбахш иборат буд. Дар онҳо муҳаббат ба Ватан, вафодорӣ ба давлат ва арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ нъикос ёфт. Фазои идона ва рӯҳияи болидаи иштирокчиён гувоҳи он буд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо рамзи эҳтиром ба санадҳои муҳими давлатӣ, балки воситаи муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар анҷоми барнома муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т. Шокирӣ У.Ғ. бо сухани миннатдорӣ ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки «Конститутсия на танҳо қонуни асосии давлат, балки меъёри зиндагии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватанпарвар аст. Маҳз риояи муқаррароти он ва эҳтиром ба қонун заминаи субот, амният ва пешрафти устувори ҷомеаро таъмин мекунад».
Хабарнигори сомона.



