Аз 30-юми октябр то 4-уми ноябри соли 2025, бо роҳбарии декани факултети тиббӣ ва стоматологӣ, дотсент Абдуллозода Ҳ.А., гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯёни соҳаи тиб иштирок намуданд.
Ин чорабинии илмӣ-амалӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (Central Asian University), воқеъ дар Ҷумҳурии Узбекистон, баргузор гардида, донишҷӯёни 46 донишгоҳи тиббӣ аз 12 кишвари ҷаҳон дар он ҳузур доштанд.
Олимпиада бо сатҳи баланди ташкилию омодагӣ, муҳити мусоиди илмӣ ва имкониятҳои фароҳамовардашуда барои иштирокчиён ташкил ва доир гардид. Дар ҷараёни озмун дастаи ҳар як донишгоҳҳо донишу малакаи касбии худро дар самтҳои гуногуни тиббӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуда, баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ карда мешуданд. Дар ҷамъбасти умумии олимпиада ҷои якум насиби дастаи Донишгоҳи тиббии Қрим, ҷои дуюм насиби дастаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ҷои сеюм насиби дастаи Академияи тиббии Тошканд гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дастаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон миёни 46 донишгоҳи тиббии ширкаткунанда зинаи нуҳумро ба даст овард. Ин дастовард нишон медиҳад, ки сатҳи омодагии донишҷӯёни мо ва сифати таълим дар донишгоҳ дар сатҳи шоиста қарор дорад.
Роҳбарияти донишгоҳ изҳор медорад, ки иштирок дар чунин олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ барои донишҷӯён на танҳо имкони муқоисаи донишу малакаи худ бо ҳамсолони хориҷӣ аст, балки такони ҷиддӣ барои рушди минбаъдаи дониш, таҷриба ва малакаҳои амалии онҳо дар соҳаи тиб мебошад.
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, то донишҷӯёнашро ба самти таҳқиқот, омӯзиши амиқи илмҳои тиббӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои байналмилалӣ ҳидоят намояд.
Деканати факултетҳо.

