11-уми ноябри соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони идораву муассисаҳо ва фаъолони ноҳия конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу субот ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конфронсро муовини Раиси ноҳия Ҳакимзода Зуҳро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Ҳамзамон, нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъкид намуд.
Сипас маърузаи илмӣ ва сиёсии директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Назира Амирбекзода дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу субот ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон» ироа гардид. Дар маъруза таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши беназир ва таърихиро дар таъмини сулҳу суботи миллӣ, ваҳдати саросарии тоҷикон ва рушди устувори давлати соҳибистиқлол ба иҷро расониданд. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбари давлат, Тоҷикистон аз давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромии сиёсӣ гузашта, ба марҳилаи нави бунёдкорӣ, пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ворид гардид. Назира Амирбекзода дар маърузаи худ инчунин зикр намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Пешвои миллат барои наҷоти миллат ва барқарор кардани ваҳдати миллӣ аҳаммияти сарнавиштсоз дорад. Имрӯз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон бар асоси принсипҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон амалӣ шуда, ба таҳкими мақоми байналмилалии кишвар мусоидат менамояд. Дар анҷоми маъруза таъкид гардид, ки омӯзиши таҷрибаи давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи арзишҳои роҳбарии ӯ дар фаъолияти кадрҳои давлатӣ, кормандони соҳаи илм ва ҷавонони кишвар дорои аҳамияти бузурги таълимӣ ва маънавӣ мебошад.
Дар идомаи конфронс маърузаи Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара д.и.и., профессор Хайрзода Ш. дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ», маърузаи Ректори Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тоҷикистон, д.и.и., профессор Сафарзода А. таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу субот ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон”, маърузаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Сайдализода С. дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории миллӣ» ва маърузаи муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р. дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар соҳаи иҷтимоии кишвар» шунида шуданд.
Маърузаҳои ироашуда дар доираи конфронс ба таври равшан ва далелнок саҳми бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат инъикос намуданд. Ҳар як маъруза бо таҳлили илмӣ ва пешниҳоди далелҳои мушаххас нишон дод, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат кишвари маҳбубамон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, пояҳои давлатдории миллӣ устувор ва фазои сулҳу субот таъмин шудааст.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки сиёсати оқилона, мардумпарварона ва дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили асосии ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Конфронс бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва изҳори миннатдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷамъбаст гардида, аҳли иштирокчиён омодагии худро барои татбиқи ҳадафҳо ва роҳнамоиҳои ӯ дар роҳи пешрафти минбаъдаи Ватан иброз доштанд.
Пас аз анҷоми қисми расмии конфронс, барномаи пурмазмуну рангини адабӣ-фарҳангӣ аз ҷониби аҳли ҳунари бахши фарҳанги ноҳияи Данғара ва аъзои дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон пешкаш гардид. Барномаи фарҳангӣ бо шукуҳи хоса ва муҳтавоии баланд сурат гирифта, ба ифтихори хизматҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдат, рушди давлати миллӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум бахшида шуда буд.
Хабарнигори сомона.




