ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН

27-уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шурои олимон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон, бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Дар ҷаласаи мазкур 5 масъалаи асосӣ ва 6 масъалаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мавзуъҳои муҳим дар ҷаласа рушди илм ва таълим, баррасии омодагиҳо барои сессияи зимистона, инчунин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва лоиҳаҳои қарорҳои шуро ба ҳисоб рафтанд
Дар масхалаи якум Ҳисобот дар бораи фаъолияти муовинати илм ва нашрия дар соли 2025 ба аъзои Шуро пешниҳод гардид. Муовини ректор оид ба илм ва нашрия, номзади илмҳои тиб, Холзода Ш.И. маърӯза намуда, дар ҳисоботи худ дастовардҳои назаррас ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар соҳаи илм ва нашрия баррасӣ кард. Номбурда, ҳамзамон, дурнамои рушди илм ва нашрия барои соли 2026-ро манзури аъзои Шуро гардонид. Ҳадафи асосӣ дар соли оянда тақвият бахшидан ба фаъолияти таҳқиқотӣ, нашри мақолаҳои илмӣ ва ҷалби донишҷӯён ва устодон ба таҳқиқоти илмӣ мебошад.
Дар масъалаи дуюм директори Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ, Қурбонов З.Қ., дар бораи фаъолияти марказ ва омодагӣ барои соли таҳсили 2025-2026 маълумот пешниҳод намуд. Вай инчунин дар бораи раванди қабули донишҷӯён ба зинаи ординатура ва интернатураи клиникӣ изҳор дошт, ки дар соли ҷорӣ маркази таҳсилот кӯшиш ба харҷ додааст, то тамоми мавод ва барномаҳои таҳсил ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат кунанд.
Дар масъалаи сеюм, ваколатдори шуъбаи таълим, Эргашев Х.Ю., маълумот дод, ки омодагиҳо барои сессияи зимистонаи соли 2025-2026 дар тамоми кафедраҳо ва деканатҳо хуб сурат гирифтааст. Вай бо пешниҳоди маълумотнома ва шарҳҳои ҳамаҷониба қайд кард, ки ҳамаи кафедраҳо ва деканатҳо омодаанд, ки имтиҳонҳо дар сатҳи баланд баргузор шаванд.
Мудири шуъбаи равобити байналмилалии донишгоҳ, Назаров Р.И., дар масъалаи чоруми рӯзнома дар бораи фаъолияти шуъба дар соли 2025 гузориш дод. Вай ишора намуд, ки шуъба дар соли ҷорӣ якчанд ҳамкориҳои муҳими байналмилалиро бо донишгоҳҳои хориҷӣ барқарор ва тақвият бахшид. Маҳз дар натиҷаи ин ҳамкориҳо, донишҷӯён имконият пайдо карданд, ки дар барномаҳои байналмилалӣ ва мубодилаҳои донишӣ иштирок кунанд. Назаров Р.И. аҳамияти густариш додани равобити байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии байналмилалиро барои ояндаи донишгоҳ зикр намуд.
Дар масъалаи панҷум муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳисобот пешниҳод намуд. Вай дар бораи натиҷаҳои умумии фаъолияти донишгоҳ дар соли 2025 иттилоъ дод. Шумораи донишҷӯёни қабулшуда, рушд ва дастовардҳои методии таълим, инчунин таъсиси барномаҳои нав ва курсҳои такмили ихтисос мавриди таҳлил қарор гирифт. Аҳмадиён Ш.Р. таъкид кард, ки дар соли оянда яке аз ҳадафҳои асосии донишгоҳ, аз ҷумла беҳтар кардани сифати таълим, расидан ба дастовардҳои навтарини донишҷӯёну омӯзгорон ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар байни дигар муассисаҳои олии кишвар мебошад.
Дар қисми масъалаҳои ҷорӣ, Раиси Шурои олимон, профессор Убайдулло Қурбон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод. Вай таъкид кард, ки Паёми Президенти кишвар як дастур ва роҳнамо барои ояндаи сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Вай ба аъзои Шуро, инчунин роҳбарони сохторзҳо ва кафедраҳо дастур дод, ки Паёмро мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва дар ҷаласаҳои Раёсат, ҷаласаҳои сохторҳо ва кафедраҳо онро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Дар идомаи масъалаҳои ҷорӣ, 5 лоиҳаи Қарори Шурои олимон пешниҳод ва тасдиқ гардид. Лоиҳаҳои қарори шуро ба масоили таълимӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дахл доштанд.
Раиси Шурои олимон, профессор Убайдулло Қурбон, вобаста ба масъалаҳои баррасигардида фикру андешаҳои худро пешниҳод намуда, ба тамоми роҳбарони сохторӣ барои боз ҳам беҳтар ва хубтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳамаҷонибаи донишгоҳ супоришҳои мушаххас дод. Вай таъкид намуд, ки барои таҳкими мавқеи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва расидан ба натиҷаҳои назаррас, ҳамаи сохторҳо ва ҳайати профессорону омӯзгорон бояд ҳамоҳанг ва якҷо амал кунанд.
Ҷаласа бо мусоидат ба раванди беҳтар кардани сифат ва нақшаҳои рушди ояндаи донишгоҳ ба поён расид.
 
Хабарнигори сомона.
Возможно, это изображение один или несколько человек

Возможно, это изображение один или несколько человек и отдел новостей

Возможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся, толпа, отдел новостей и текст

Возможно, это изображение текст "География Географистудентовхгиу студентов ХгМУ O sa Ta A студент студент FUR if"

Please publish modules in offcanvas position.