Нақши кафедраи химияи тиббӣ ва экология дар таълими донишҷӯёни тиббӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Кафедра дар ташаккули донишҳои бунёдӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва малакаҳои амалӣ-тадқиқотии донишҷӯён саҳми назаррас дошта, барои омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб заминаи устувор фароҳам меорад. Омӯзиши фанни химияи тиббӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки моҳияти равандҳои химиявӣ ва биохимиявиро дар организми инсон дарк намуда, таъсири моддаҳои доруворӣ ва омилҳои муҳити зистро дуруст арзёбӣ намоянд.
Бо мақсади такмили сифати таълим дар кафедра мунтазам дарсҳои озмоишӣ ва таҷрибавӣ баргузор карда мешаванд. Санаи 21-уми феврали соли 2026 бо роҳбарии мудири кафедра Султонмамади Гулмамад дарси озмоишӣ таҳти мавзуи «Қобилияти реаксионии карбогидрогенҳои беҳад. Ҳосил кардани этилен дар шароити лабораторӣ» бо донишҷӯёни гурӯҳи 106-уми факултети тиббӣ баргузор гардид. Дар раванди дарс донишҷӯён доир ба хусусиятҳои химиявӣ ва қобилияти реаксионии карбогидрогенҳои беҳад маълумоти назариявии худро мустаҳкам намуда, усулҳои ҳосил кардани этиленро дар шароити лабораторӣ амалӣ иҷро карданд. Ҳамзамон ба масъалаҳои риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва истифодаи дурусти таҷҳизоти лабораторӣ диққати махсус дода шуд. Иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва сатҳи хуби азхудкунии мавзуъ нишон дод, ки чунин шакли таълим барои баланд бардоштани сифати дониш, рушди тафаккури таҳлилӣ ва омодасозии касбии онҳо аҳамияти калон дорад. Натиҷаи чунин дарсҳои озмоишӣ дар баланд гардидани малакаҳои амалӣ, афзоиши шавқу рағбат ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳкими донишҳои назариявӣ зоҳир мегардад.
Дарсҳои озмоишӣ дар кафедра минбаъд низ боз ҳам тавсеа ёфта, барои баланд бардоштани сатҳи таълим ва омодасозии мутахассисони рақобатпазири соҳаи тиб мусоидат хоҳанд намуд.
Кафедраи химияи тиббӣ ва экология
