ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

25-уми феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вохӯрии директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид бо ҳайати профессорону омӯзгорон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлими Олӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди шарҳу тавзеҳи амиқ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди сиёсати дохилию хориҷии кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардумро муайян менамояд.

Мавсуф дар баромади худ таъкид намуд, ки дар Паём ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, тақвияти иқтидори кадрӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок муайян шудаанд. Аз ҷумла, зарурати мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат, тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид гардид.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла донишгоҳҳои тиббӣ, бояд дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, татбиқи усулҳои муосири таълим ва рушди инфрасохтори таълимӣ саҳми назаррас гузоранд. Бо назардошти талаботи замони муосир, масъалаи рақамикунонии соҳаи маориф ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олӣ арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки ҳайати профессорону омӯзгорон бояд бо дарки баланди масъулият ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паём баён гардидаанд, тадбирҳои мушаххас андешида, дар тарбияи мутахассисони рақобатпазир ва ватандӯст саҳмгузор ва собитқадам бошанд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда ва мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар изҳор намуданд.

Хабарнигори сомона.

Please publish modules in offcanvas position.