ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН ДОИР ШУД

   













 
      Санаи 27-уми феврали соли 2026 дар донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои олимон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ намуда, аҳамияти баррасии масъалаҳои марбут ба сифати таҳсилот, рушди илм ва такмили фаъолияти сохторҳои донишгоҳро таъкид кард.
    Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи бахши идоракунии сифати таҳсилот оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2025-2026 шунида шуд. Сардори бахши мазкур Қурбонов Х.Ш. оид ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълим, такмили мониторинги дохилидонишгоҳӣ ва арзёбии раванди таълим маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
   Ҳамзамон, ҳисоботи фаъолияти кафедраи акушерӣ-гинекологӣ дар соли таҳсили 2025-2026 аз ҷониби ваколатдори мудири кафедра н.и.т. Шокирӣ У.Ғ. ироа гардид. Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ корҳои таълимӣ, илмӣ ва табобатӣ тибқи нақша ба роҳ монда шуда, корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
   Оид ба фаъолияти китобхона дар соли таҳсили ҷорӣ мудири китобхона Ҳалимзода М.А. ҳисобот дода, аз ғанӣ гардонидани фонди китобхона, воридсозии адабиёти нав, инчунин истифодаи захираҳои электронии иттилоотӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯён ва омӯзгорон яке аз самтҳои афзалиятнок боқӣ мемонад.
     Дар идома муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т. Холзода Ш.И. оид ба амалигардонии “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” гузориш пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки дар доираи барнома як қатор тадқиқотҳои илмӣ анҷом ёфта, ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои ватанӣ ва хориҷӣ густариш ёфтанд.
     Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, лоиҳаи қарори Шурои олимон дар бораи тасдиқи Нақшаи кории “Комиссияи доимамалкунандаи донишгоҳӣ оид ба танзими ҷашну маросимҳо барои соли 2026” аз ҷониби мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. муаррифӣ гардид.
     Дар баробари ин, масъалаи тасдиқи мавзуъҳои рисолаҳои номзадии унвонҷӯён Хоҷиев Шамсиддин Рамазонович ва Зарифзода Хуҷаҷон Иброим баррасӣ шуда, вобаста ба аҳаммияти илмӣ ва мубрамияти мавзуъҳои пешниҳодгардида ибрози назар карда шуд.
    Дар фарҷом раиси Шурои олимон ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати қарорҳои қабулгардида ва идомаи фаъолияти самаранок дар самтҳои таълим, тарбия, илм ва муолиҷавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 
Хабарнигори сомона.

Please publish modules in offcanvas position.