
















Санаи 2-юми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аксияи «Тоҷикона мепӯшем» бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар заминаи иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастуру тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он тақвияти эҳсоси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва тарғиби либоси миллӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон мебошад.
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги ҳар миллат ба шумор меравад. Атласу адрас, чакан ва дигар навъҳои либоси суннатии тоҷикӣ на танҳо намунаи ҳунари волои аҷдодон, балки ифодагари таърих, ҷаҳонбинӣ ва завқи зебоипарастии миллати тоҷик мебошанд. Пӯшидани либоси миллӣ нишонаи эҳтиром ба гузашта, пос доштани анъанаҳои неки аҷдодӣ ва ифтихор аз фарҳанги ғании миллӣ мебошад.
Дар доираи аксия омӯзгорону донишҷӯён бо либосҳои миллӣ - атласу адрас, чакан ва дигар намунаҳои суннатӣ ширкат варзида, фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстиро ба вуҷуд оварданд. Ин иқдом бори дигар собит сохт, ки ҷавонони имрӯза ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва омодаанд онҳоро ҳифз ва густариш диҳанд.
Яке аз ҳадафҳои муҳими чорабинӣ баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нигоҳ доштани симои фарҳангии ҷомеа аҳамияти махсус касб мекунад. Аз ин рӯ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ҳамчун унсури муҳими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Раёсати донишгоҳ ба масъалаи эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, баргузории чунин аксияҳоро дар оянда низ идома хоҳад дод. Аксияи «Тоҷикона мепӯшем» бори дигар нишон дод, ки эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва пос доштани мероси ниёгон вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад. Тақвияти чунин иқдомҳо заминаи мусоид барои рушду таҳкими худшиносии миллӣ ва пойдории арзишҳои фарҳангии миллат фароҳам меорад.
Хабарнигори сомона.
