ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БО КОРМАНДОНИ ҶАВОН

 







 
    Санаи 2-юми марти соли 2026, ҷаласаи Раёсати донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, дотсент Бунёдзода С.Х. ва сардори шуъбаи кадрҳо Асозода С.П. бо кормандони ҷавони донишгоҳ баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории ҷаласа таҳкими масъулиятшиносии бештар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фаъолгардонии нақши ҷавонон дар рушди фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ арзёбӣ гардид.
     Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, дотсент Бунёдзода С.Х. ифтитоҳ намуда, зимни баррасии масъалаҳо ба риояи қатъии интизоми меҳнат, баланд бардоштани маърифату ахлоқ ва фарҳанги муошират, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ташаббусҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тақвияти тарбияи худшиносиву худогоҳии донишҷӯён ва саҳмгузории ҷавонон дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамчунин истифодаи самараноки имконияту шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат барои рушду такомули касбии ҷавонон муҳим арзёбӣ карда шуд.
     Дар идома мактуби Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон оид ба ҷалби хатмкунандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кори доимӣ ҷалб намудани ҷавонони то 35-сола ба вазифаҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифт. Таъкид шуд, ки ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бояд дар фаъолияти ҳар як ҷавон таҷассум ёбад.
    Ҳамзамон масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани идҳои баҳорӣ, аз ҷумла Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулон барои ташкил ва баргузории чорабиниҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.
     Ҷаласа дар фазои созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносӣ ҷамъбаст гардид.

Хабарнигори сомона.

Please publish modules in offcanvas position.