БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ДОНИШГОҲ










































    Санаи 5-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Озмуни мазкур дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати китобхонӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ-фарҳангии ҷавонон ва ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ба мутолиаи китоб баргузор карда шуд.
    Чорабиниро раиси комиссияи донишгоҳии озмуни мазкур, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, дотсент Бунёдзода С.Х. ҳусни оғоз бахшид. Номбурда зимни суханронии ифтитоҳии худ аз ташаббуси наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозӣ ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ёдовар шуда, таъкид намуд, ки чунин иқдомҳои фарҳангиву маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа, густариши фарҳанги китобхонӣ ва тарбияи насли босаводу донишманд нақши муҳим доранд. Ҳамзамон, мавсуф иштироки фаъоли омӯзгорону донишҷӯёнро дар озмун нишонаи таваҷҷуҳи ҷавонон ба китобу дониш арзёбӣ намуда, онҳоро ба мутолиаи бештар ва такмили донишу ҷаҳонбинӣ даъват намуд.
    Дар ҷараёни озмун иштирокчиён аз рӯи шартҳои муқарраргардида аз ҷониби ҳайати комиссияи донишгоҳӣ мавриди пурсиш қарор гирифта, сатҳи дониш, маҳорати суханварӣ, донистани осори адибони классик ва муосири тоҷик ва ҷаҳон, инчунин фарҳанги китобхонии онҳо мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Ҳайати ҳакамон бо масъулияти баланд ба фаъолияти иштирокчиён баҳо дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.
    Дар натиҷаи ҷамъбасти даври донишгоҳии озмун ғолибон муайян гардида, онҳо барои иштирок дар даври навбатии озмуни ҷумҳуриявӣ – даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
   Дар анҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Аҳмадиён Ш.Р. аз дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмун изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми омӯзгоронро дар омода намудани донишҷӯён ва иштироки фаъоли онҳо дар чунин чорабиниҳои маърифатӣ муҳим арзёбӣ кард. Ҳамзамон таъкид гардид, ки роҳбарияти донишгоҳ минбаъд низ барои рушди қобилияти илмӣ, маънавӣ ва фарҳангии донишҷӯён, инчунин ҷалби онҳо ба мутолиаи китобу донишандӯзӣ пайваста кумаку дастгирии ҳамаҷониба хоҳад расонид.
    Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин озмунҳои фарҳангӣ дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, ташаккули тафаккури солим ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту донишманд нақши муҳим дошта, барои рушди маънавии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.
 
Хабарнигори сомона

Please publish modules in offcanvas position.