







Санаи 6-уми марти соли 2026 ҷаласаи навбатии истеҳсолии муовинати таълим баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳусни оғоз бахшида, аҳаммияти баррасии масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва такмили фаъолияти таълимиро таъкид намуд.
Дар кори ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Бунёдзода С.Х. ва муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ н.и.т. Шокирӣ У.Ғ. низ иштирок намуданд. Ҳамчунин дар ҷаласа деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, тамоми щайати профессорону омӯзгорон ва дигар масъулини сохторҳои марбут ба раванди таълим ширкат доштанд.
Зимни баррасии масъалаи аввал муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р. оид ба ҷорӣ намудани низоми рақамикунонии сифати таҳсилот суханронӣ намуда, таъкид кард, ки татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ дар раванди таълим яке аз самтҳои муҳими рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ зикр намуд, ки барномаи рақамикунонии раванди таҳсилот омода гардида, тибци нацша барои омӯзгорон ва кормандони дахлдор семинарҳои омӯзишӣ баргузор карда мешаванд. Ҳадафи асосии татбиқи ин барнома баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии назорат аз болои раванди таълим, беҳтар намудани сифати дарсазхудкунӣ, назорати давомоти донишҷӯён, риояи интизоми меҳнати ҳайти профессорону омӯзгорон ва истифодаи самараноки имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ мебошад.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома декани факултети тиббӣ ва стоматологӣ, дотсент Абдуллозода Ҳ.А. оид ба як қатор масъалаҳои муҳими фаъолияти таълимӣ гузориш пешниҳод намуд. Аз ҷумла, дар баромади худ ӯ ба масъалаҳои давомоти донишҷӯён, фаъолияти мудирони кафедраҳо, сатҳи сифати дарсазхудкунӣ дар кафедраҳо, фаъолияти омӯзгорон, инчунин фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Қайд гардид, ки назорати мунтазами раванди таълим, ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо ва масъулияти баланди омӯзгорон метавонад ба баланд гардидани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён мусоидат намояд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа натиҷаҳои санҷишу рейдҳои Раёсати донишгоҳ мавриди таҳлил қарор дода шуда, камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардиданд. Таъкид карда шуд, ки барои бартараф намудани чунин камбудиҳо бояд тадбирҳои мушаххас андешида шуда, масъулини дахлдор фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд.
Дар рафти муҳокимаи масъалаҳо аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа низ пешниҳод ва андешаҳои судманд баён гардиданд. Вобаста ба ҳар як масъала муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, иҷрои саривақтии онҳоро аз ҷониби деканон, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон талаб намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р. таъкид кард, ки дар соли ҷорӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳайати омӯзгорону донишҷӯён бо дастовардҳои назарраси илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ дар рушди донишгоҳ саҳми арзандаи худро гузоранд ва ин санаи муҳимро дар сатҳи баланд истиқбол намоянд.
Ҷаласа бо қабули тавсияҳо ва супоришҳои дахлдор барои беҳтар намудани фаъолияти таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот ҷамъбаст гардид.
Хабарнигори сомона
