



Санаи 7-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷашни фархундаи «Рӯзи Модар» бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ин чорабинии идона бо ҳадафи гиромидошти мақому манзалати Зан-Модар, арҷгузорӣ ба заҳмату фидокории бонувон ва қадрдонӣ аз саҳми онҳо дар рушди ҷомеа ва соҳаи маорифу тандурустӣ, баргузор карда шуд.
Ҷаласаи тантанавӣ бо сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон оғоз ёфт. Ректори донишгоҳ зимни суханронии худ иброз дошт, ки Зан-Модар дар ҷомеаи тоҷик мақоми бисёр баланд дошта, ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиятгару роҳнамои насли оянда шинохта мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки дар донишгоҳ бонувон дар рушди фаъолияти таълимӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбияи донишҷӯён саҳми назаррас доранд. Ҳамзамон ҳамаи бонувони донишгоҳро ба муносибати ин рӯзи муборак самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва муваффақиятҳои навбанавро таманно намуд.
Дар идома барномаи адабӣ-мусиқӣ, ки аз ҷониби дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и донишгоҳ дар ҳамоҳангӣ бо кафедраи химия ва биологияи тиббӣ ва кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология омода гардида буд, пешкаши ҳозирин шуд.
Барномаи фарҳангӣ аз шеъру сурудҳо дар васфи Модар, таронаҳои дилнишин, саҳнаҳои адабӣ ва рақсҳои зебо иборат буда, фазои идонаро боз ҳам гарму хотирмон гардонид. Иҷрои сурудҳои пурмуҳаббат дар васфи модар ва қироати шеърҳои пурмазмун аз ҷониби донишҷӯён боиси хушдилию хурраммии иштирокчиён гардид.
Ҳамчунин ҷиҳати эҳтирому эътибори роҳбарияти донишгоҳ нисбат ба нақши муҳими занон дар фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ҷамъиятии муассиса бонувон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои идона қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишгоҳ ба ташкилкунандагони барномаи фарҳангӣ барои омода намудани чунин чорабинии пурмуҳтаво ва сатҳи баланди адабӣ-мусиқӣ изҳори сипос намуда, бори дигар ҳамаи ҳозирин ва кулли бонувони донишгоҳро ба муносибати «Рӯзи Модар» табрик гуфт.
“ Рӯзи Модар” дар донишгоҳ дар фазои эҳтирому самимият ва қадрдонии занону модарон баргузор шуда, дар қалби иштирокчиён ҳисси ифтихор ва муҳаббат ба модарро боз ҳам тақвият бахшид.






Хабарнигори сомона
