Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби гӯшаи донишгоҳ либосҳои миллии зебо ва гуногунранг буд. Духтарони донишгоҳ бо либосҳои миллӣ, аз ҷумла атлас, адрас, чакан ва дигар либосҳои анъанавии минтақаи Тоҷикистон иштирок ва баромад намуда, зебоӣ ва рангорангии фарҳанги миллии тоҷиконро ба таври шоиста муаррифӣ карданд.
Ҳамзамон, дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и донишгоҳ барномаи фарҳангии ҷолиберо пешниҳоди тамошобинон гардонд. Барнома аз суруду таронаҳои наврӯзӣ, рақсҳои ҷолиби минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон иборат буда, бо сатҳи баланд иҷро гардид. Ҳунармандони ҷавон бо маҳорати касбӣ фазои идонаро гарму самимӣ намуда, ба чорабинӣ шукӯҳи хос бахшиданд.