Дар ин маҳфили идона аъзои Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин” ташкил карда шуд. Ҳамчунин, дар барномаи фарҳангӣ нақши рамзии Бобои деҳқон ва Маликаи Наврӯзӣ аз ҷониби донишҷӯён ба ҳозирин намоиш дода шуд.
Қисмати дигари барнома бо рақсу сурудҳои наврӯзӣ аз ҷониби аъзои дастаи ҳунарии “Дурахшон” зебу зиннат ёфт. Ҳунармандон бо иҷрои сурудҳои дилнишин ва рақсҳои ҷаззоб ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд ва рӯҳияи идонаи иштирокчиёнро боло бурданд.
Дар фарҷом зикр гардид, ки чунин чорабиниҳо барои тарбияи маънавии ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ нақши муҳим доранд. Чорабинии фарҳангии “Наврӯзи хуҷастапай муборак” дар фазои гарму самимӣ ва дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар хотири иштирокчиён таассуроти нек боқӣ гузошт.