БАРГУЗОРИИ ОЗМУНҲОИ “ГУЛБАЗМИ НАВРӮЗӢ” ВА “МАЛИКАИ НАВРӮЗ-2026” ДАР ДОНИШГОҲ

 
  Санаи 13-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз озмунҳои фарҳангиву маърифатии “Гулбазми наврӯзӣ” ва “Маликаи Наврӯз-2026” дар фазои идона ва пурнишот баргузор гардиданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо эҳтиром ва гиромидошти суннатҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги волои тоҷикон, рушди истеъдоди эҷодии донишҷӯён ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон арзёбӣ мегардад.
   
Дар оғози чорабинӣ масъулин перомуни аҳаммияти ҷашни Наврӯз дар муаррифии мероси гаронбаҳои фарҳанги ниёгон ва рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва оромию осоиштагӣ сухан намуданд. Қайд гардид, ки баргузории чунин озмунҳо дар байни донишҷӯён ба рушди қобилияти эҷодӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии халқ мусоидат менамояд.
    Озмуни “Гулбазми наврӯзӣ” аз чанд бахши ҷолиб ва эҷодӣ иборат буд. Иштирокчиён дар шартҳои муаррифӣ ва табрикоти наврӯзӣқироати шеър дар васфи Наврӯз, баҳор ва гулрақси гулиҷрои суруд бо овози зинда дар васфи баҳор ва Наврӯз, инчунин байтбараки “Гул” маҳорату истеъдоди худро нишон доданд. Ҳар як довталаб кӯшиш намуд, ки бо баромади хотирмон, овози зебо ва ҳаракатҳои дилнишин фазои идонаро боз ҳам рангинтар гардонад.
   
Баромадҳои иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон тибқи меъёрҳои муайяншуда баҳогузорӣ карда шуда, дар натиҷаи ҷамъбасти холҳо донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Азизова Парвина Раҳматуллоевна бо нишон додани маҳорати баланд ва гирифтани холи бештар ғолиби озмуни “Гулбазми наврӯзӣ” дар соли 2026 дониста шуд.
   Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ озмуни “Маликаи Наврӯз-2026” низ баргузор гардид. Довталабон шартҳои худмуаррифкунӣ ва табрикоти наврӯзӣнамоиши либоси маликаи наврӯзӣвасфи маликаи Наврӯз аз омадани баҳору Наврӯзсаволу ҷавоб оид ба суннатҳои наврӯзӣ ва таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, инчунин иҷрои суруд дар васфи Наврӯз ва баҳорро иҷро намуда, маҳорати худро нишон доданд.
   
 Ҳар як довталаб кӯшиш намуд, ки бо донишу ҷаҳонбинӣ, суханварӣ, фарҳанги баланд ва ҳунари саҳнавӣ беҳтару хубтар бошад. Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Бобоева Мунзира Шарифҷоновна бо гирифтани холи баландтарин ғолиби озмуни “Маликаи Наврӯз-2026” дониста шуд.
Ғолибони ҳар ду озмун дар ҷашни умумидонишгоҳии наврузӣ бо Ифтихорнома ва мукофот қадрдонӣ хоҳанд шуд.

 
Хабарнигори сомона.

Please publish modules in offcanvas position.