
Санаи 11-уми марти соли 2026, маҳфили навбатии «Олиҳаи тиб» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Маҳфили мазкур дар назди Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ фаъолият намуда, аз рӯзи таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон то имрӯз барои муттаҳид сохтани духтарони соҳибистеъдод, ҳунарманд ва фаъол саҳми арзанда гузошта истодааст.
Ҳадафи асосии маҳфил тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, эҳёи суннатҳои мардумӣ, рушди истеъдоди донишҷӯдухтарон ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии онҳо мебошад. Дар доираи чунин маҳфилҳо донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки донишу маҳорати худро дар соҳаҳои гуногуни ҳунару фарҳанг муаррифӣ намоянд.
Маҳфили навбатӣ ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз бахшида шуда, фазои идона ва пур аз шодиву нишотро фароҳам овард. Донишҷӯёни маҳфил бо маърӯзаҳо ва баромадҳои ҷолиб дар бораи таъриху анъанаҳои Наврӯз, арзиши фарҳангии ин ҷашни куҳан ва нақши он дар мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардумон суханронӣ карданд.
Дар рафти маҳфил инчунин дар бораи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ ва дигар анъанаҳои қадимаи тоҷикон маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Духтарони донишҷӯ бо ифтихор аз фарҳанги миллӣ дар бораи аҳаммияти ҳифзу эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ андешаҳои худро баён намуданд. Ҳамзамон, иштирокчиён намудҳои гуногуни либоси миллиро ба бар намуда, хусусиятҳо, зебоӣ ва рамзҳои ҳар як либосро шарҳ доданд. Онҳо таъкид намуданд, ки либоси миллӣ нишонаи фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллии ҳар як миллат мебошад.Хабарнигори сомона
