Санаи 13-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба идҳои баҳорӣ ва истиқболи шоистаи Наврӯзи байналмилалӣ даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2025, №АП-862 ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 17-уми феврали соли 2026, №01/07 роҳандозӣ шуда, аз ҷониби кафедраи забонҳо дар ҳамоҳангӣ бо муовинати тарбия ва фарҳанг ва китобхонаи донишгоҳ ташкил карда шуд.
Ҳадафи асосии баргузории озмун тарғиби осори безаволи адабиёти классикии тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии ҷавонон, рушди қобилияти суханварӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ дар байни донишҷӯён мебошад. «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун яке аз шоҳкориҳои бузурги адабиёти ҷаҳон ва ганҷинаи маънавии халқи тоҷик барои тарбияи насли ҷавон аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад.
Озмунро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Бунёдзода С.Х. ҳусни оғоз бахшид. Ӯ дар сухани ифтитоҳии худ нахуст устодон, донишҷӯён ва иштирокчиёни озмунро бо фарорасии идҳои баҳорӣ, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолият ва таҳсилашон барору муваффақият таманно намуд. Ҳамзамон таъкид намуд, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоии амиқ бо осори адабии классикӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ аҳамияти муҳим дорад. Мавсуф, ҳамчунин зикр намуд, ки бо ташаббуси фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як оилаи тоҷик ба таври ройгон тақдим гардид. Ин иқдоми муҳим ба хотири эҳёи арзишҳои маънавии миллат, арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон ва дастрас гардидани ин асари бузург ба ҳар як хонадон амалӣ гардидааст.
Дар озмуни мазкур зиёда аз 45 нафар донишҷӯён аз факултетҳои гуногуни донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, донишу маҳорати худро дар қироати порчаҳо аз достонҳои «Шоҳнома» нишон доданд. Иштирокчиён бо овози расо, талаффузи равон ва ҳисси баланди ифтихор аз мероси адабии ниёгон порчаҳои ҷудогонаи ин асари безаволро қироат намуда, мувофиқи талаботи Низомнома дар бораи қаҳрамонони асосии асар маълумот пешниҳод карданд. Ҳамзамон онҳо ба саволҳои ҳайати ҳакамон посух дода, дониши худро оид ба муҳтавои асар, хусусиятҳои адабӣ ва аҳамияти таърихию фарҳангии он нишон доданд.
Ҳайати ҳакамон ба маҳорати қироат, дурустии талаффуз, фаҳмиши муҳтавои матн ва сатҳи омодагии иштирокчиён баҳои муносиб доданд. Баромадҳои аксари донишҷӯён аз омодагии ҷиддӣ ва таваҷҷуҳи онҳо ба мероси адабии ниёгон шаҳодат медод.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг даври донишгоҳии озмунро ҷамъбаст намуда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба сатҳи баргузории он иброз дошт. Ӯ ҳамзамон ба баъзе нуктаҳои такмилталаб ишора карда, ба донишҷӯёне, ки ба даври минбаъдаи озмун роҳхат гирифтанд, барору комёбиҳои нав орзу намуд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳои маърифатӣ дар муҳити донишгоҳӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди фарҳанги китобхонӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дошта, минбаъд низ чунин чорабиниҳо бо иштироки фаъоли донишҷӯён идома хоҳанд ёфт.