Санаи 13-уми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар асоси нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, як қатор мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки фаъоли донишҷӯён баргузор гардиданд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ аз кафедраи тибби ҳарбии донишгоҳ ташкил карда шуда, ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими нерӯи ҷисмонӣ, баланд бардоштани рӯҳияи варзишӣ ва рушди дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни донишҷӯён арзёбӣ мегардад.
Дар доираи ин чорабинӣ мусобиқаҳо аз рӯйи чанд намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини миллӣ, волейбол, шоҳмот, шашка, вазнбардорӣ ва дигар бозиҳои хурди варзишӣ баргузор гардиданд. Ҳар як намуди варзиш бо шавқу ҳаваси зиёд ва рақобати солим сурат гирифта, фазои идона ва варзиширо дар байни иштирокчиён фароҳам овард.
![]() |
![]() |
Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ донишҷӯён бо маҳорати баланд қувваозмоӣ намуда, техника ва ҳунари гӯштини худро нишон доданд. Ҳар як рақобат бо рӯҳияи варзишӣ ва эҳтироми тарафайн баргузор гардида, тамошобинон бо шавқу ҳаяҷон аз баромадҳои варзишгарон истиқбол менамуданд.
Мусобиқаи волейбол низ бо иштироки дастаҳои донишҷӯён баргузор гардида, бозингарон бо ҳамоҳангии хуб, суръат ва маҳорати баланди варзишӣ рақобати ҷолибро ба намоиш гузоштанд.

Ҳамзамон, мусобиқаҳои шоҳмот ва шашка низ баргузор шуданд, ки дар онҳо донишҷӯён дониши зеҳнӣ, тафаккури мантиқӣ ва қобилияти банақшагирии худро нишон доданд. Ин намуди варзишҳо ба иштирокчиён имкон доданд, ки маҳорати фикрронӣ ва таҳлили худро дар муҳити рақобати дӯстона санҷанд.
Дар бахши вазнбардорӣ иштирокчиён қувваи ҷисмонӣ ва истодагарии худро нишон дода, барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин талош карданд.
Бояд зикр кард, ки чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар фазои ободу озоди кишвар бо рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардида, ба таҳкими саломатии ҷавонон ва рушди фарҳанги варзишӣ мусоидат мекунанд. Донишҷӯён дар ҳамаи намудҳои варзиш бо маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва эҳсоси ифтихор аз Ватани худ ширкат варзида, сатҳи хуби омодагии ҷисмонии худро нишон доданд.

Хабарнигори сомона


