ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МИЁНИ ДОНИШГОҲҲО


 
    Амалисозии шартномаҳои ҳамкории байнидонишгоҳӣ ва густариши робитаҳо бо муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба шумор меравад. Дар доираи чунин ҳамкориҳо донишгоҳ мекӯшад, ки имкониятҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ, мубодилаи таҷриба, такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти донишҷӯёнро фароҳам оварад.
    Бо ҳамин мақсад, санаи 12 марти соли 2025 байни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ва Муассисаи давлатии таълимии федералии буҷетии таҳсилоти олии «Донишгоҳи давлатии тиббии Ижевск»-и Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ин созишнома ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои таҳсилот, илм ва инноватсия заминаи мусоид фароҳам меорад.
    Тибқи муҳтавои созишнома, ҷонибҳо ният доранд дар самтҳои мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, баргузор намудани конфронсҳо, семинарҳо ва барномаҳои илмӣ-таҳқиқотии муштарак, инчунин таҳияи лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ ҳамкориро тақвият бахшанд. Ҳамзамон, дар доираи ин ҳамкорӣ имконият фароҳам меояд, ки донишҷӯён ва омӯзгорони ҳар ду муассиса аз таҷрибаи пешқадами илмӣ ва таълимии якдигар истифода баранд.
    Қобили зикр аст, ки ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳо барои баланд бардоштани сатҳи таълим, рушди иқтидори илмии донишгоҳ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ аҳамияти муҳим дошта, ба муаррифии бештари имкониятҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
    Раёсати донишгоҳ изҳори умед менамояд, ки татбиқи амалии ин созишнома ба густариши ҳамкориҳои судманд, таҳкими робитаҳои илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб мусоидати назаррас хоҳад кард.
 
Хабарнигори сомона 

Please publish modules in offcanvas position.