
14-уми марти соли 2026 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон як қатор китобҳои муҳими таълимӣ тақдим гардиданд. Ин иқдоми арзишманд дар доираи таҳкими ҳамкории илмӣ-таълимӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи таълиму омӯзиш ва ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои донишгоҳӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи ин ташаббус ба фонди китобхонаи донишгоҳ китоби «Дерматовенерология ва венерология», муаллиф Саидзода Б.И., ба миқдори 50 нусха ва китоби «Физиологияи патологӣ», муаллиф Қурбонбекова П.Қ., ба миқдори 96 нусха дастрас карда шуд. Ин китобҳои таълимӣ аз манбаъҳои муҳимми илмӣ ба ҳисоб рафта, барои донишҷӯён ва омӯзгорон дар раванди омӯзиши фанҳои тиббӣ ва такмили донишҳои касбӣ мусоидат хоҳанд кард.
Маъмурияти китобхонаи донишгоҳ китобҳои дастрасшударо ба фонди китобхона ворид намуда, онҳоро барои истифодаи донишҷӯён ва омӯзгорон дастрас гардонд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино барои ин туҳфаи арзишманди таълимӣ изҳори сипос менамояд. Ҳамкории судманд миёни донишгоҳҳо дар самти мубодилаи таҷриба ва таъмини адабиёти таълимӣ ба беҳтар гардидани сифати таҳсил ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб мусоидат хоҳад кард.
Ороишгари сомона
