ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД

   
28-уми марти соли 2026 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои олимон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ намуда, аҳаммияти баррасии масъалаҳои дар рӯзнома дарҷгардидаро ҷиҳати рушди низоми таълим, такмили сифати омодасозии мутахассисон ва таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ муҳим арзёбӣ намуд.
    Дар кори ҷаласа аъзои Шурои олимон, роҳбарияти донишгоҳ, мудирони кафедраҳо ва намояндагони сохторҳои марбута иштирок намуда, масъалаҳои муҳими фаъолияти донишгоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.
   
 Нахуст, аз рӯи масъалаи якум муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. вобаста ба натиҷаҳои сессияи зимистона маърӯза намуда, нишондиҳандаҳои асосии раванди таълим, сатҳи азхудкунии дониш аз ҷониби донишҷӯён, инчунин камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро муфассал шарҳ дод. Зикр гардид, ки барои баланд бардоштани сифати таълим ва такмили малакаи касбии донишҷӯён тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ мегарданд.
 
 Сипас, аз рӯи масъалаи дуюм мудири кафедраи анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология н.и.т. Алиев А.А. оид ба фаъолияти кафедра дар соли таҳсили ҷорӣ ҳисобот пешниҳод намуд. Дар маърӯза дастовардҳои таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, ҷараёни гузаронидани дарсҳо, таҳияи маводи таълимӣ ва иштироки устодону донишҷӯён дар чорабиниҳои донишгоҳӣ мавриди зикр қарор гирифтанд. Ҳамзамон, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи фаъолияти кафедра пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
   
 Аз рӯи масъалаи сеюм роҳбари Маркази омӯзиши симулятсионӣ Камолзода Қ.И. оид ба фаъолияти марказ дар давраи ҳисоботӣ маълумот дода, нақши омӯзиши амалӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро дар баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки истифодаи васеи усулҳои симулятсионӣ ба такмили малакаҳои амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.
    Дар идома, аз рӯи масъалаи чорум Аҳмадиён Ш.Р. ҳисобот оид ба амалишавии “Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои солҳои 2022–2026” дар соли 2025-ро пешниҳод намуд. Зимни баррасӣ дастовардҳои ноилшуда, раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои минбаъда мавриди таҳлил қарор гирифта, барои таъмини иҷрои пурраи барнома тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
 
   Аз рӯи ҳар як масъалаи рӯзнома маърӯзаҳо шунида шуда, байни иштирокчиён муҳокимаҳои судманд сурат гирифт. Аъзои Шурои олимон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, барои такмили фаъолияти минбаъдаи донишгоҳ пешниҳодҳои муфид манзур карданд. Дар натиҷа, қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои иҷро сохторҳои марбута масъул карда шуданд. Ҳамчунин, дар доираи масъалаҳои ҷорӣ як қатор лоиҳаҳо пешниҳод гардида, пас аз баррасии ҳаматарафа аз ҷониби аъзои Шурои олимон тасдиқ карда шуданд.
      Дар фарҷом аз ҷониби раиси Шурои олимон профессор Убайдулло Қурбон таъкид карда шуд, ки татбиқи саривақтии қарорҳои қабулгардида ва идомаи корҳои созанда ба рушди минбаъдаи донишгоҳ, баланд бардоштани сифати таълим ва тақвияти нуфузи илмии муассиса мусоидат хоҳад намуд ва дар ин ҷода ҳар як аъзои шурои олимон ва тамоми ҳайати профессорону омӯзгорон бояд саҳмгузор бошанд.
Хабарнигори сомона.

Please publish modules in offcanvas position.