
Санаи 30-юми марти соли 2026, вохӯрии муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Аҳмадиён Ш.Р. бо ғолибони даври донишгоҳии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур 12 нафар донишҷӯёни болаёқат ва фаъол, ки дар даври донишгоҳии олимпиада натиҷаҳои назаррасро нишон дода, ба марҳилаи минбаъда роҳхат гирифтаанд, иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарони илмии донишҷӯён, мудирони кафедраҳои марбута ва дигар масъулони соҳаи таълим ҳузур доштанд.

Қайд гардид, ки донишҷӯёни мазкур аз рӯйи 11 фанни таълимӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиада иштирок хоҳанд намуд ва донишгоҳро дар ин чорабинӣ намояндагӣ хоҳанд кард. Муовини ректор зимни суханронии худ оид ба аҳамияти иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дастовардҳои донишҷӯён дар чунин сабқатҳо нишондиҳандаи сатҳи омодагии кадрҳо ва сифати раванди таълим дар донишгоҳ ба шумор меравад. Ӯ донишҷӯёнро ба масъулияти баланд, омодагии ҷиддӣ ва истифодаи самараноки тамоми имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуд. Ҳамзамон, ба роҳбарони илмӣ ва мудирони кафедраҳо дастур дода шуд, ки ҷиҳати омодасозии ҳамаҷонибаи донишҷӯён ба даври ниҳоии олимпиада нақшаи мушаххаси кориро таҳия ва амалӣ намоянд. Зикр гардид, ки барои донишҷӯён бояд машғулиятҳои иловагӣ, дарсҳои машваратӣ, озмоишҳои санҷишӣ ва корҳои инфиродӣ ба роҳ монда шуда, сатҳи дониши онҳо мунтазам арзёбӣ гардад.

Инчунин, масъалаи фароҳам овардани тамоми шароитҳои мусоид, аз ҷумла дастрасӣ ба маводи таълимӣ, адабиёти иловагӣ ва манбаъҳои муосири иттилоотӣ, яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ гардид. Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи ҳавасмандгардонии донишҷӯёни болаёқат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, таъкид гардид, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ барои иштирокчиён ва ғолибони даври ниҳоии олимпиада чораҳои дахлдори ҳавасмандкунӣ, аз ҷумла мукофотпулӣ ва дигар имтиёзҳо пешбинӣ карда мешаванд.
Дар навбати худ, донишҷӯён барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати иштироки фаъолона ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар даври ҷумҳуриявии олимпиада баён карданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён ҷиҳати иштироки шоиста дар даври ниҳоии олимпиада барору комёбӣ орзу гардида, омодагии роҳбарияти донишгоҳ барои дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо бори дигар таъкид карда шуд.
Хабарнигори сомона.
