
Санаи 30-юми марти соли 2026 вохӯрии муовини аввали ректор, дотсент Аҳмадиён Ш.Р., ҳамчунин деканҳои факултетҳо ва масъулони сохторҳои таълимӣ бо волидайни донишҷӯён баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории вохӯрӣ таҳкими ҳамкории муассири байни донишгоҳ ва оила, инчунин баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба раванди таълим, интизом ва масъулияти донишҷӯён буд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар давраи охир ҳолатҳои дарсшиканӣ ва бемасъулиятӣ нисбат ба дарсҳо аз ҷониби баъзе донишҷӯён ба назар мерасад, ки ин ҳолат боиси коҳиш ёфтани сатҳи донишандӯзӣ ва паст гардидани нишондиҳандаҳои таълимӣ мегардад.

Масъулини донишгоҳ вобаста ба ин масъала андешаҳои худро баён намуда, зарурати тақвияти назорат ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти донишҷӯёнро махсусан муҳим арзёбӣ карданд. Қайд карда шуд, ки оила ҳамчун ниҳоди асосии тарбия дар шаклгирии шахсияти донишҷӯ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳамкории зич ва мунтазами волидайн бо донишгоҳ метавонад дар пешгирии чунин ҳолатҳо ва беҳтар намудани раванди таълиму тарбия таъсири назаррас расонад. Дар рафти вохӯрӣ ба волидайни донишҷӯён доир ба риояи қатъии талаботи қоидаҳои дохилии донишгоҳ, назорати мунтазами ҳузури фарзандон дар дарсҳо, инчунин дастгирии онҳо дар ҷодаи таҳсил тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Дар фарҷоми сӯҳбат волидайни донишҷӯён барои ташкили чунин мулоқоти судманд изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо донишгоҳ ва назорати ҷиддитар аз болои раванди таҳсили фарзандонашон баён карданд.


Хабарнигори сомона
