
30-юми марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон семинари машваратӣ-омӯзишӣ бахшида ба 24-уми март - Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил ташкил ва баргузор гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён, омӯзгорон ва аҳолӣ оид ба ин бемории сироятӣ, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва роҳҳои пешгирии он буд.

Семинарро мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология, номзади илмҳои тиб Исодухт Б.У. ифтитоҳ намуда, дар бораи аҳамияти таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил ва тадбирҳои давлат дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ин беморӣ суханронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ яке аз роҳҳои муҳимтарини коҳиш додани паҳншавии сил мебошад.

Сипас, омӯзгори фанни бемории сил Маҳмадалиев Г. оид ба амалишавии барномаи ҳимоя аз бемории сил дар байни аҳолӣ маърӯзаи муфассал пешниҳод намуд. Дар баромади худ ӯ ба масъалаҳои ташхиси барвақтӣ, табобати саривақтӣ, назорати беморон ва нақши муассисаҳои тиббӣ дар пешгирии паҳншавии беморӣ диққати махсус дод. Ҳамчунин қайд гардид, ки барномаҳои давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди сил нақши муҳим доранд.
![]() |
![]() |
Дар анҷоми семинар муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавии ДДТХ, номзади илмҳои тиб, дотсент Шокирӣ У. Ғ. бо сухани хотимавӣ баромад намуда, аҳаммияти чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани маърифати тиббии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил, муҳим арзёбӣ кард. Семинар дар фазои фаъол ва мубодилаи афкор баргузор гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд ва дониши худро оид ба бемории сил ва роҳҳои пешгирии он боз ҳам ғанӣ гардониданд. Чунин чорабиниҳо барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
![]() |
![]() |
Хабарнигори сомона




