ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА «НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ»

   
Санаи 31-уми марти соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон ва иштирокчиён аз намоишгоҳи идона боздид намуда, бо раванди омода кардани суманак аз наздик шинос шуданд.
 
  Дар форум сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, инчунин, занон- дипломатҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қирғизистон, олимон, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, суханронӣ карданд. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар форуми мазкур муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ н.и.т. Шокирӣ Умеда Ғайбуллозода иштирок намуда, дар мавзуи “Анъанаҳои солимгардонӣ ва тарбиявии Наврӯз” баромад намуд.
   
 Таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимӣ имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, арзишҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб менамояд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки 10 декабри соли 2025 дар иҷлосияи 20-уми Кумитаи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи миллии Тоҷикистон бо номи «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддӣ ворид гардид. Иштирокчиён таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти давлатҳоро дар самти баланд бардоштани мақоми занон ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ муҳим арзёбӣ карданд.
     Изҳори итминон карда шуд, ки форуми мазкур ба рушди ташаббусҳои нав, ҳифз ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҳкими дӯстии байни кишварҳо ва боло бурдани нақши занон дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Дар фарҷом, иштирокчиён масъалаҳои муҳими марбут ба саҳми занон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, тарбияи насли наврас ва рушди ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.
 
Хабарнигори сомона 

Please publish modules in offcanvas position.