
Санаи 3-юми апрели соли 2026 маҳфили навбатии илмии “Дурахшон” баргузор гардид. Маҳфил бо сухани ифтитоҳии роҳбари маҳфил Абдураҳимзода Ш.Р. оғоз ёфта, мавсуф зимни баромади худ ба аҳаммияти ташкили чунин маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар раванди омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб, густариши ҷаҳонбинии илмӣ, тақвияти тафаккури клиникӣ ва рушди малакаҳои амалӣ таъкид намуд.

Зикр гардид, ки маҳфили навбатӣ ба яке аз бахшҳои муҳим - соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ бахшида шудааст. Дар ин замина, масъалаҳои марбут ба ҳифзи солимии модару кӯдак, пешгирии бемориҳои занона, ташхис ва табобати саривақтии ҳолатҳои патологӣ аз ҷониби донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Гурӯҳи “Акушерӣ-гинекологӣ”-и маҳфили илмӣ, ки таҳти роҳбарии донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ Зоирова Г.Х. фаъолият менамояд, нахуст маърӯзаҳои илмии пурмуҳтаво ироа намуданд, ки дар онҳо масъалаҳои асосии ин соҳа, аз қабили назорати ҳомиладорӣ, идоракунии таваллуд, ташхиси бармаҳали бемориҳои гинекологӣ ва роҳҳои муосири табобати онҳо, ба инобат гирифта шуданд.

Қисмати амалии маҳфил низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, донишҷӯён бо истифода аз муляжҳо ва воситаҳои таълимии муосир усулҳои асосии муоина, ташхис ва баъзе амалҳои тиббиро ба таври намоишӣ иҷро намуданд. Ин раванд барои таҳкими робитаи назария бо амалия ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён аҳаммияти муҳим дошт.
Ҳамзамон, дар доираи маҳфил саволу ҷавоб ва викторина баргузор гардид, ки дигар аъзои маҳфил дар онҳо фаъолона ширкат варзиданд
Қобили зикр аст, ки маҳфили илмии “Дурахшон” ба таври мунтазам баргузор гардида, дар доираи он самтҳои гуногуни соҳаи тиб бо фарогирии масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Чунин равиши кор имкон медиҳад, ки донишҷӯён дониши худро дар амал татбиқ намуда, ба фаъолияти минбаъдаи касбӣ омодагии бештар пайдо намоянд.

Хабарнигори сомона
