ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН

    Тавре ки маълум аст, моҳи ноябри соли 2025 зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид гардид.
    Дар ин замина, 3-юми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба “1050-солагии нахустин бонуи суханвари форсу тоҷик- Робиаи Балхӣ” ташкил ва баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур аз ҷониби муовинати илм ва нашрия дар ҳамоҳангӣ бо китобхонаи донишгоҳ ва кафедраи забонҳо доир карда шуда, дар кори он аъзои раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд..
  Ҳамоишро муовини ректор оид ба илм ва нашрия, номзади илмҳои тиб Холзода Ш.И. ифтитоҳ бахшида, дар сухани муқаддимавии худ аҳаммияти гиромидошти чунин шахсиятҳои барҷастаи таърихию адабиро махсус таъкид намуд. Номбурда иброз дошт, ки таҷлили солгарди шахсиятҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Робиаи Балхӣ, барои тақвияти худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғании фарҳангӣ ва тарбияи маънавии насли ҷавон нақши муҳим мебозад. Мавсуф қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 таъкид намуданд, ки қабули қатъномаи ЮНЕСКО оид ба “Бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027” далели равшани эътирофи ҷойгоҳи хоси мероси маънавию фарҳангии тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
    Зикр гардид, ки ин рӯйдоди таърихӣ самараи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат мебошад, зеро Робиаи Балхӣ на танҳо ҳамчун нахустин бонуи суханвари форсу тоҷик, балки ҳамчун рамзи иродаи қавӣ, покии муҳаббат ва ҷасорати зан дар таърихи адабиёт мавқеи хос дорад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва тарғиби осори ӯ метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии фарҳангии донишҷӯён мусоидат менамояд. Сипас, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, дотсент Гулзода А.А. дар мавзуи «Робиаи Балхӣ-модари шеъри дарӣ» маърӯзаи муфассал пешниҳод намуда, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти ин шоираи барҷастаро мавриди таҳлили амиқи илмӣ қарор дод. Зикр гардид, ки Робиаи Балхӣ ҳамчун яке аз нахустин занони шоир дар адабиёти форсии дарӣ бо забони сода, равон ва пурэҳсоси худ дар ташаккули пояҳои аввалини назми дарӣ саҳми арзанда гузоштааст.
   

 
Дар навбати худ, донишҷӯён порчаҳои назмиро аз осори Робиаи Балхӣ қироат намуданд. Қироати шеърҳо бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва дарки амиқи мазмуну муҳтавои ашъор сурат гирифта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷаҳони маънавии шоир бештар ҷалб намуд. Дар идома, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Бунёдзода С.Х. дар мавзуи «Сухане чанд перомуни сабк, услуб ва хусусиятҳои забонии шеъри Робиаи Балхӣ» бо маърӯзаи муфассал баромад намуда, паҳлуҳои муҳими ҳунари эҷодии шоирро мавриди таҳлили амиқ қарор дод. Номбурда таъкид намуд, ки сабку услуби Робиаи Балхӣ бо соддагии баён, равонӣ ва самимияти хос фарқ карда, маҳз ҳамин вижагиҳо боис гардидаанд, ки ашъори ӯ то имрӯз таъсиргузор боқӣ монад.
     Ҳамчунин, мудири китобхона Ҳалимзода М.А. дар мавзуи «Робиаи Балхӣ-яке аз чеҳраҳои нодир дар таърихи адабиёти форсу тоҷик» суханронӣ карда, саҳми ӯро дар рушди адабу фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки Робиаи Балхӣ ҳамчун яке аз нахустин занони шоир дар адабиёти форсии дарӣ бо осори пурмуҳтавои худ, ки саршор аз эҳсоси ишқ, ҳиҷрон ва инсонпарварист, то имрӯз дар қалби хонандагон ҷойгоҳи хос дорад. Бо вуҷуди он ки осори ӯ ба миқдори маҳдуд то замони мо расидааст, арзиши баланди бадеии онҳо аҳаммияти худро нигоҳ доштааст.
   Дар фарҷоми ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва нашрия, номзади илмҳои тиб Холзода Ш.И. бо сухани ҷамъбастӣ баромад намуда, натиҷаҳои муҳокимаронидашудаи нишасти илмиро мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ аз сатҳи баланди омодагии маърӯзачиён, мазмуну муҳтавои пурғановат ва аҳамияти илмии баромадҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки чунин ҳамоишҳо барои густариши тафаккури илмӣ ва тақвияти робитаи илм бо таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Хабарнигори сомона.

Please publish modules in offcanvas position.