
Дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфили навбатии илмии донишҷӯён таҳти унвони «Физиологҳои ҷавон» бо иштироки намояндагони раёсати донишгоҳ, омӯзгорон ва аъзои маҳфил баргузор гардид. Дар кори маҳфил Қурбонов Ҳ.Ш. - сардори бахши назорати сифати таҳсилот, Эргашев Х.Ю. - ваколатдори сардори шуъбаи таълим, Гулзода А.А. - мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, Зарифзода И.А. - мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, Гулов Р.А. - муовини декани факултети педиатрӣ, инчунин омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

Маҳфил бо сухани муқаддимавии мудири кафедра Назаров Ҷ.Т. оғоз гардида, зимни баромади худ мавсуф ба аҳаммияти рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Зикр гардид, ки кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ ҳамчун яке аз такягоҳҳои муҳими илми тиб дар донишгоҳ бо фаъолияти пурсамар, ҷалби фаъоли донишҷӯён ба корҳои таҳқиқотӣ ва тарбияи мутахассисони соҳибмаърифат дар ташаккули тафаккури амиқи илмӣ ва ҷаҳонбинии клиникӣ нақши калидӣ мебозад. Таъкид шуд, ки маҳз тавассути чунин маҳфилҳо заминаи устувори рушди неруи илмии насли ҷавон фароҳам оварда мешавад.

Сипас, таҳти роҳбарии омӯзгори кафедра Шарифзода З. фаъолияти маҳфил аз ҷониби дастаи «Гастроэнтерологҳо» идома дода шуд. Баромади аъзои маҳфил дар сатҳи баланди ташкилӣ омода гардида, маърӯзаҳои пурмазмуну асоснок манзури иштирокчиён гардонида шуданд. Дар ҷараёни муҳокимаҳои илмӣ мубодилаи афкор ба таври фаъол сурат гирифта, донишҷӯён сатҳи баланди дониш, малакаи таҳлил ва ҷаҳонбинии илмии худро нишон доданд.

Дар анҷоми маҳфил мудири кафедра Назаров Ҷ.Т. изҳор намуд, ки «Физиологҳои ҷавон» минбаъд низ фаъолияти худро бо руҳияи эҷодкорӣ ва навоварӣ идома дода, дар самти рушди иқтидори илмии донишҷӯён, ҷалби онҳо ба таҳқиқоти муосир, иштироки фаъолона дар конфронсҳои илмӣ ва тарбияи мутахассисони рақобатпазир ва баландихтисос саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.

Хабарнигори сомона
