САЁҲАТИ ДОНИШҶӮЁН ХОТИРМОН ВА ПУРМАЗМУН БАРГУЗОР ГАРДИД

   
Санаи 5-уми апрели соли 2026 гуруҳи 208-уми факултети педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар доираи нақша-чорабиниҳои «Клуби сайёҳии ДДТХ ба номи Шамсулло Файзуллоев» ба ҷамоати деҳоти Сангтуда сафар анҷом доданд. Ин иқдом бо ҳадафи густариши ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯён роҳандозӣ гардид.
    Мақсади асосии сафар шиносоӣ бо табиати бойу рангини кишвар, омӯзиши мавзеъҳои зебои ҷуғрофӣ ва қадршиносии сарватҳои табиии Тоҷикистон буд. Дар рафти саёҳат донишҷӯён аз манзараҳои дилфиреби кӯҳсор, обу ҳавои соф ва муҳити орому фараҳбахш баҳравар гардида, таассуроти амиқ бардоштанд. Онҳо ҳамзамон дар бораи хусусиятҳои географӣ, иқлим ва захираҳои табиии минтақа маълумоти бештар пайдо намуданд.
   

Сафар бо роҳбарии куратори гурӯҳ Азизов О. ва ҳамроҳии як қатор омӯзгорони донишгоҳ сурат гирифта, бо риояи қоидаҳои бехатарӣ ва интизоми дохилӣ баргузор шуд. Омӯзгорон ба донишҷӯён оид ба рафтори дуруст дар муҳити табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Дар ҷараёни саёҳат донишҷӯён ба фаъолиятҳои гуногун, аз ҷумла сайругашт, суҳбатҳои гурӯҳӣ, аксбардорӣ ва машқҳои варзишии сабук машғул гардида, рӯҳияи дастаҷамъӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият бахшиданд. Ин гуна чорабиниҳо барои беҳтар намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва рушди малакаҳои иҷтимоии донишҷӯён мусоидат менамоянд.
    Дар фарҷом иштирокчиён аз фаъолияти «Клуби сайёҳии донишгоҳ» изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин ташаббусҳоро бисёр муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд. Ба андешаи онҳо, чунин сафарҳо на танҳо фароғат, балки як мактаби таҷрибаомӯзӣ буда, дар ташаккули шахсияти ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо нақши муассир доранд. Саёҳати мазкур барои донишҷӯён хеле хотирмон, пурмазмун ва илҳомбахш буда, онҳо бо рӯҳияи болида ва хотираҳои нек ба дарсҳои худ бозгаштанд.
Хабарнигори сомона

Please publish modules in offcanvas position.