
Ҳамасола дар саросари ҷаҳон санаи 7-уми апрел ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҷлил мегардад, ки ҳадафи асосии он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ ва таъмин намудани дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои босифат ва саривақтии тиббӣ мебошад.
Бо ин мақсад, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар саҳни бинои Дармонгоҳ ва озмоишгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон корвони саломатӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки мутахассисони баландихтисос, устодону табибони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.
![]() |
![]() |
Корвони саломатӣ ҳамчун як иқдоми муҳими иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, ҳадафи он расонидани кӯмаки ройгони тиббӣ, пешгирии бемориҳо, ташхиси барвақтии онҳо ва баланд бардоштани маърифати саломатии аҳолӣ мебошад. Дар ҷараёни чорабинӣ беш аз 13 самти ихтисоси тиббӣ фаро гирифта шуда, мутахассисони варзида аз қабили духтурони амрози даруна, асабшинос, эндокринолог, духтури амрози занона, осебшинос, уролог, духтури бемориҳои чашм, ҷарроҳ, ҷарроҳи дилу рагҳо, духтури гӯшу гулӯю бинӣ, духтури бемориҳои кӯдакона, духтури бемориҳои сироятӣ ва дандонпизишк ба сокинон хизмат расониданд.

Ҳамзамон, дар доираи корвони саломатӣ ба муроҷиаткунандагон машваратҳои муфассали тиббӣ дода шуда, вобаста ба ҳолати саломатии онҳо ташхисҳои зарурӣ гузаронида шуданд. Ба шахсони эҳтиёҷманд тавсияҳои муфид оид ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои музмин, риояи гигиенаи шахсӣ ва ғизои дуруст пешниҳод гардид. Инчунин, барои бемороне, ки ниёз ба муолиҷаи минбаъда доштанд, дастурҳои иловагӣ дода шуд.
![]() |
![]() |
Қобили зикр аст, ки дар рафти ин иқдоми хайриявӣ ба зиёда аз 225 нафар сокинони ноҳияи Данғара муоина, ташхис ва табобати ройгони тиббӣ расонида шуд. Ин нишондиҳанда далели равшани таваҷҷуҳи муассисаи таълимӣ ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи тандурустии кишвар мебошад.
![]() |
![]() |
Баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат менамояд, балки, ҳамзамон, барои таҳкими робитаи байни донишгоҳ ва ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии кормандон ва ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти амалӣ аҳаммияти калон дорад.
Дар маҷмуъ, корвони саломатии баргузоршуда як иқдоми муҳим ва саривақтӣ буда, дар роҳи ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим нақши назаррас гузошт.
![]() |
![]() |
Хабарнигори сомона








