САЁҲАТИ ДАСТАИ ҲУНАРИИ «ДУРАХШОН»-И ДОНИШГОҲ

   
Санаи 5-уми апрели соли 2026, дар доираи нақша-чорабиниҳои «Клуби сайёҳии ДДТХ ба номи Шамсулло Файзуллоев» дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и донишгоҳ бо роҳбарии масъулон ба шаҳри зебоманзари Душанбе ба сафари фарҳангӣ-фароғатӣ баромаданд. Ҳадафи асосии ин сафар на танҳо истироҳату фароғат, балки баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва шиносоии амиқи ҷавонон бо таърих ва дастовардҳои пойтахт буд.
     
Сафари даста аз тамошои “Боғи Ғалаба” оғоз ёфт. Ин мавзеъ яке аз рамзҳои муҳими таърихӣ ба шумор рафта, иштирокчиён дар он ҷо аз корнамоиҳои фарзандони ҷоннисори миллат ёдовар шуданд. Муҳити фораму дилнишин ва манзараҳои зебои боғ ба иштирокчиён илҳоми тоза бахшид. Сипас, даста ба маркази шаҳр, ба назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ раҳсипор гардиданд. Ин макон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ҷойгоҳи хоса дорад. Аъзои даста бо эҳсоси ифтихор аз таърихи пурғановати миллат ва шахсиятҳои бузурги он ёдовар шуданд.
 
 Дар идома иштирокчиён аз “Боғи Устод Рӯдакӣ” боздид ба амал оварданд. Ин боғ бо фазои фарҳангӣ ва тарҳи зебояш яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт маҳсуб меёбад. Аҳли даста дар ин ҷо лаҳзаҳои хотирмонро сабт намуда, аз муҳити илҳомбахши он баҳра гирифтанд. Ҳамчунин, онҳо аз “Боғи Парчам” тамошо намуданд. Баландии Парчами давлатӣ ва муҳити атрофи он дар дили ҷавонон ҳисси ифтихор ва эҳтиромро нисбат ба Ватан боз ҳам афзун гардонид.
Сайёҳат бо тамошои “Кӯли ҷавонон” идома ёфт, ки бо табиати нотакрор ва фазои дилнишнаш барои истироҳат мувофиқ мебошад. Иштирокчиён аз манзараҳои дилфиреби ин макон баҳра бурда, лаҳзаҳои гувороро пушти сар намуданд.
 

   Дар фарҷом даста ба “Боғи ҳайвонот” рафта, бо гуногунии олами ҳайвонот аз наздик шинос гардиданд. Ин қисмати сафар махсусан барои боло бурдани донишҳои экологӣ ва шиносоӣ бо табиати зинда аҳаммияти хос дошт.  Қобили зикр аст, ки шаҳри Душанбе имрӯз ба яке аз марказҳои муосири фарҳангӣ ва маъмурии минтақа табдил ёфтааст. Роҳҳои васеъ, боғҳои сарсабз, иншооти замонавӣ ва муҳити тозаву озода шаҳодати рушди босуръати инфрасохтори шаҳр мебошанд. Ҳамаи ин омилҳо ба иштирокчиён таассуроти амиқ ва хотироти фаромӯшнашаванда бахшиданд.
   

 Дар анҷом, аъзои дастаи «Дурахшон» аз ташкили чунин як сафари пурмазмун изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ин гуна чорабиниҳо барои таҳкими дӯстӣ, боло бурдани рӯҳияи дастаҷамъӣ ва рушди маънавии ҷавонон нақши муҳим мебозанд. Рӯҳияи болида, шодиву нишоти фаровон ва хотираҳои нек далели онанд, ки сафар дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Хабарнигори сомона

Please publish modules in offcanvas position.