
Санаи 7-уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ҳамоиши илмӣ-таълимӣ таҳти унвони «Ҳуқуқи кӯдак, ҳифзи тандурустии кӯдакон ва таҳкими фаъолияти Мактаби модарони оянда» баргузор шуд. Ин ҳамоиш дар доираи чорабинии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» ва ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 6 то 10-уми апрел роҳандозӣ гардидааст, ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ муовини ректор оид ба самти муолиҷавӣ н.и.т. Шокирӣ У.Ғ, ҳайати омӯзгорон, ординаторон ва донишҷӯдухтарони курси шашум иштирок намуданд. Дар ифтитоҳи ҳамоиш Шокирӣ У.Ғ. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ табрик гуфта, зикр кард, ки саломатӣ яке аз арзишҳои бунёдии инсон буда, фароҳам овардани имконияти дастрас ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ барои ҳар як нафар аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад. Дар идомаи семинар маърӯзаҳо оид ба ҳифзи манфиатҳои кӯдак, нигоҳубини саломатии модару кӯдак, густариши барномаҳои «Мактаби модарони оянда», инчунин усулҳои нави ташхис ва муолиҷаи бемориҳои кӯдакона ироа гардиданд.
![]() |
![]() |
Ҳамчунин қайд шуд, ки ҳимояи саломатии кӯдакон ва таъмин намудани ҳуқуқҳои онҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, таҳкими ҳамкории ниҳодҳои марбута дар ин раванд аҳамияти калон дорад. Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо ба баланд гардидани сатҳи маърифати тиббӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои соҳавӣ мусоидат менамоянд.

Хабарнигори сомона


