
Санаи 22-юми апрели соли равон дар доираи нақша-чорабиниҳои муовинати илм ва нашрия ҷаласаи навбатии “Ҷамъияти ихтироъкорон ва фаъолияти ратсионализаторӣ” доир гардид. Ҷаласаро раиси ҷамъият мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2-и ДДТХ, PhD Норматова М.А. ифтитоҳ намуда ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
![]() |
![]() |
Дар рафти ҷаласа пешниҳодҳои ратсионализатории кафедраҳои фанҳои ҷарроҳии №1, фанҳои ҷарроҳии №2, фанҳои ҷарроҳии №3 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пас аз аз муҳокимаи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ бо қарори якҷояи аъзои ҷамъият дар маҷмуъ 6 адад пешниҳоди ратсионализаторӣ тасдиқ карда шуд. Пешниҳодҳои ратсинализатории тасдиқгардида яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими тибби муосири имрӯза буда, барои табобати бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои травматологӣ, бемориҳои гуш, гулӯ ва биннӣ равона шудааст.

Хабарнигори сомона


