Санаи 22-юми апрели соли 2026 дар доираи нақша-чорабиниҳои муовинати илм ва нашрия тренинг-семинар дар байни омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён оид ба навиштани мақола ва фишурдаҳои илмӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2-и ДДТХ, PhD Норматова М.А. бо маърӯзаи худ баромад намуда, оид ба риояи этикаи илмӣ ва пешгирии плагиат тавсияҳои муфид дода, тарзи дурусти иқтибос овардан аз манбаъҳои адабиро амалан нишон дод. Омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён имкон пайдо карданд, ки бо пойгоҳҳои муосири илмӣ шинос шуда, малакаҳои навиштани матнҳои академии худро такмил диҳанд.
Дар қисмати амалии семинар иштирокчиён ба саволҳои худ оид ба нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфуз ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ин иқдом барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон ва рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии онҳо заминаи мусоид фароҳам овард.
![]() |

Хабарнигори сомона