БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ПЕШГИРИИ ФАРБЕҲӢ ВА ТАШАККУЛИ ҒИЗОИ СОЛИМ”

 
Дар доираи амалисозии нақша-чорабиниҳои муовинати илм ва нашрия, дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ, ҷиҳати иҷроиши «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2026» мизи мудаввар таҳти унвони “Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим” баргузор гардид.
   Чорабинии мазкур бо мақсади баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои илмӣ, клиникӣ ва иҷтимоии фарбеҳӣ ҳамчун яке аз мушкилоти афзалиятноки тандурустии аҳолӣ, инчунин таҳкими донишҳои назариявӣ ва амалии иштирокчиён оид ба механизмҳои пешгирӣ ва ташаккули фарҳанги ғизои солим дар ҷомеа роҳандозӣ гардид. Дар кори мизи мудаввар ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла дар чорабинии мазкур сармутахассис оид ба татбиқи зеҳни сунъии шуъбаи илм ва инноватсия Юлдошев А.Н., ваколатдори сардори шӯъбаи таълим Эргашев Х.Ю., инчунин ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ ширкат варзиданд..
 
Иштирокчиён перомуни омилҳои этиологӣ ва патогенетикии фарбеҳӣ, таъсири он ба рушди бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла патологияҳои дилу раг, диабети қанд, ихтилолҳои мубодилаи моддаҳо ва дигар оқибатҳои тиббию иҷтимоӣ мубодилаи афкор ва муҳокимаҳои илмӣ анҷом доданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки фарбеҳӣ на танҳо мушкилоти тиббӣ, балки падидаи мураккаби иҷтимоӣ буда, ба сатҳи умумии саломатии аҳолӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар ин замина, зарурати тақвияти татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, инчунин густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим махсусан муҳим арзёбӣ гардид.
   
Иштирокчиён аҳамияти баланд бардоштани маърифати ғизоӣ, ташаккули одатҳои дурусти истеъмоли ғизо, рушди фаъолнокии ҷисмонӣ дар байни аҳолӣ ва коҳиши омилҳои хавфро ҳамчун самтҳои калидии пешгирии фарбеҳӣ таъкид намуданд. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин самт густариш дода шуда, ҷалби бештари ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим таъмин карда шавад.
  Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён як қатор пешниҳод ва тавсияҳои илмӣ-амалӣ ироа гардиданд, ки татбиқи онҳо метавонад ба такмили сиёсати пешгирикунанда дар самти мубориза бо фарбеҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ мусоидат намояд. Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ба баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои тиббӣ, тақвияти робитаи илм ва амал, инчунин татбиқи самараноки дастовардҳои илми муосир дар раванди таълим ва фаъолияти клиникӣ мусоидат менамояд.

Хабарнигори  сомона  

Please publish modules in offcanvas position.