ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВАРАҶА”

   
Санаи 23-юми апрели соли 2026 дар доираи нақша-чорабиниҳои муовинати илм ва нашрия дар кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенералогия ҳамоиши илмӣ бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо вараҷа” баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур ҳайати омӯзгорон, ординаторони клиникӣ ва донишҷӯёни курсҳои болоӣ фаъолона иштирок намуда, масъалаҳои мубрами марбут ба пешгирӣ ва мубориза бо вараҷа мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд.
   
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи устодони кафедра Фаридов А.А. ва Абийиров Ф.А. оид ба таърихи пайдоиши беморӣ, паҳншавии эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва минтақа, роҳҳои асосии сироятёбӣ, давраҳои инкишофи паразит, аломатҳои клиникӣ, усулҳои муосири ташхис, принсипҳои табобати стандартӣ ва эҳтимоли пайдоиши оризаҳо маълумоти муфассал ва илмӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои пешгирии беморӣ, аз ҷумла истифодаи воситаҳои муҳофизатӣ, назорати манбаъҳои сироят ва баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ диққати махсус зоҳир гардид.
   
Инчунин дар ҳамоиши мазкур донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ Иброҳимов Р. ва донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ Ҳалимов Н. бо маърӯзаҳои илмӣ ва презентатсияҳои пурмуҳтаво баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни бемории вараҷа, аз ҷумла ҳолатҳои клиникии мушоҳидашуда ва усулҳои муосири муолиҷаро мавриди таҳлил қарор доданд.
   Дар анҷоми ҳамоиш миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои ҳозирин посухҳои муфассал дода шуданд. Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ, инчунин ташаккули тафаккури илмии донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон аҳамияти муҳим дорад.

Хабарнигори  сомона  

Please publish modules in offcanvas position.