ҲАМОИШИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ “1000 РӮЗИ АВВАЛИ ҲАЁТИ КӮДАК”

   
Санаи 23-юми апрели соли 2026 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муовинати илм ва нашрия ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Барномаи миллии коммуни-катсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2026” дар кафедраи педиатрия ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак” баргузор гардид. Дар ҳамоиш мудири кафедраи педиатрия, д.и.т., дотсент Кузибаева Н.К., ассистентони кафедра, ординаторон ва донишҷӯёни курсҳои 6-уми факултети тиббӣ ва педиатрӣ иштирок намуданд.
 
Дар ҳамоиши илмӣ дар бораи инкишофи кӯдак дар ҳазор рӯзи аввал давраи аз бордоршавӣ то 2 солагиро дар бар мегирад, аҳамият ва таъсири ин давра ба дигар давраҳои ҳаёт, ба рушди ақлонӣ ва ҷисмонӣ аз тарафи ассистенти кафедра Шарипов А.Д. маълумоти муфассал ба иштироккунандагони ҳамоиш пешниҳод карда шуд. Инчунин ассистенти кафедра Сатторов М.А. ба донишҷӯён дар асоси таҷрибаашон дар бораи кудаконе, ки дар ин давра норасогии ғизо доштанд ва ин мушкили ба ҳайёти баъди онҳо бисёр таъсирҳои манфӣ расонида буд, маълумот доданд.
Хабарнигори  сомона 

Please publish modules in offcanvas position.