Санаи 17-18-уми апрели соли 2026 бо ташаббуси Ассотсиатсияи стоматологони Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ-клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе Анҷумани IV -уми стоматологони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳои муосири стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт. Дар он мутахассисони варзидаи соҳа аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Белорусия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат варзиданд.
Аз ҷумла, дар кори анҷуман аз ДДТХ мудири кафедраи фанҳои стоматологӣ Сафарализода Ф.С. иштирок намуд. Бояд зикр намуд, ки конгресс дар сатҳи баланди фазои илмӣ баргузор гардида, ҳамаи бахшҳои барнома мутобиқи нақша амалӣ гардид ва иштироки фаъоли мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ ба назар расид. Ҳамин тавр, дар рафти анҷуман аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи стоматология як қатор маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла пешгирии бемориҳои дандонпизишкӣ дар давраи пеш аз таваллуд, иллатҳои нафаскашӣ дар кӯдакон, асосҳои анатомӣ ва клиникии имплантатсияи зерпериостеалӣ дар ҳолатҳои атрофияи шадиди раванди алвеолярӣ ва нуқсонҳои ҷоғ, сабабҳои маъмултарини шикоятҳои беморон ба дандонпизишк, татбиқи муосири принсипҳои остеогенези фишурда-парешонӣ дар ҷарроҳии ортогнатикӣ, ҳолати клиникии табобати ҷарроҳии бемор бо синдроми Горлин-Голтс бо истифода аз маҳлули тағйирёфтаи Карной, барқарорсозии ортопедии беморон пас аз ҷарроҳии ҷоғу рӯй, интихоби рафъи дард дар табобати бемориҳои асосии дандонпизишкӣ, таҳлили муқоисавии табобати ортогнатикӣ барои беморон бо деформатсияҳои ҷоғ, таҳияи консепсия барои барқарорсозии ортопедӣ ва дандонпизишкӣ, пешгирӣ ва табобати бемории пародонт дар бемороне, ки табобати ортодонтиро мегузаронанд, равишҳои муосири табобати беморон бо истифода аз имплантатсияҳои дандонпизишкӣ, равиши клиникӣ барои барқарорсозии кӯдаконе, ки нуқсонҳои модарзодии даҳон ва лаб доранд ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Хабарнигори сомона
