
Санаи 18-уми апрели соли 2026 дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби ассистенти кафедра Шарифзода З.У. дарси кушод дар мавзуи “Физиологияи патологии ҷигар” дар сатҳи баланди илмӣ-методӣ баргузор гардид. Дарси кушод бо иштироки муовини ректор оид ба таълим, н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р., ваколатдори сардори шуъбаи таълим Эргашев Х.Ю., сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш., декани факултети педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ ва фармасевтӣ н.и.т., дотсент Алиев А.А., директори маркази симулятсионӣ Камолзода Қ.И., мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т ва инчунин кормандони кафедраҳо баргузор гардид.
![]() |
![]() |
Дарс мутобиқ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва меъёрҳои муосири педагогӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд. Маводи таълимӣ бо тартиби мантиқӣ, пайдарпай ва возеҳ пешниҳод гардида, ба ташаккули фаҳмиши амиқи мавзуъ дар донишҷӯён мусоидат намуд. Мазмуни дарс масъалаҳои муҳими этиология, патогенез, механизмҳои асосии осебёбии ҷигар ва зуҳуроти клиникии онҳоро фаро гирифта, бо мисолҳои назариявии асоснок ғанӣ гардонида шуд. Ин равиш имконият фароҳам овард, ки донишҷӯён донишҳои назариявии худро амиқ гардонида, тафаккури клиникии худро инкишоф диҳанд. Қобили зикр аст, ки ассистенти кафедра Шарифзода З.У. дар ҷараёни дарс маҳорати баланди педагогӣ, қобилияти хуб ва возеҳ баён намудани мавод, идоракунии самараноки аудитория ва истифодаи мақсадноки воситаҳои таълимиро аз худ нишон дод.

Муовини ректор оид ба таълим, н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р. зимни арзёбии рафти дарси кушод, ба сатҳи баланди илмӣ ва методии он баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки дарс бо риояи талаботи таҳсилоти муосир, истифодаи ҳадафмандонаи технологияҳои инноватсионӣ ва пешниҳоди мантиқиву пайдарпайи маводи таълимӣ баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки фаъолнокии назарраси донишҷӯён, муҳити созандаи илмӣ ва равиши муосири омӯзгор дар маҷмӯъ ба баланд гардидани сифати таълим ва ташаккули тафаккури клиникии мутахассисони оянда мусоидати назаррас менамояд.

Хабарнигори сомона


