МАҲФИЛИ НАВБАТИИ ИЛМИИ «ДУРАХШОН» ДОИР ШУД

   
Санаи 24-уми апрели соли 2026, дар доираи баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба «Ҳафтаи илм дар донишгоҳ», маҳфили илмӣ-амалии навбатии «Дурахшон» доир шуд. Ҳадафи асосии баргузории чунин маҳфилҳо рушди тафаккури илмӣ, тақвияти малакаҳои таҳқиқотӣ ва ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ арзёбӣ мегардад. Маҳфил бо сухани муқаддимавии роҳбари он Абдураҳимзода Ш.Р. ҳусни оғоз ёфта, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва ташаббускорӣ дар самти корҳои илмӣ аз ҷониби донишҷӯёнро таъкид намуд.
   
Дар идомаи маҳфил, аъзои гурӯҳи «Ҷарроҳон», ки таҳти роҳбарии донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ Сатторов С. фаъолият мебаранд, бо маърузаҳои илмии пурмазмун ва ҷолиб баромад карданд. Маърузаҳо ба масъалаҳои муҳими соҳаи ҷарроҳӣ бахшида шуда, баромадкунандагон кӯшиш намуданд, ки мавзуъҳоро бо далелҳои илмӣ ва мисолҳои мушаххас шарҳ диҳанд.
 
 Қисмати амалии маҳфил яке аз ҷолибтарин бахшҳои он ба ҳисоб мерафт. Дар ин қисмат донишҷӯён бо истифода аз воситаҳои муосири таълимӣ, муляжҳо ва таҷҳизоти тиббӣ тарзҳои гуногуни муоинаи беморон, гузоштани ташхис ва иҷрои баъзе амалҳои оддии ҷарроҳиро ба таври амалӣ намоиш доданд. Ин намоишҳо на танҳо донишҳои назариявиро мустаҳкам намуданд, балки ба иштирокчиён имконият фароҳам оварданд, то малакаҳои амалии худро такмил диҳанд ва таҷрибаи муфид ба даст оранд. Дар фарҷом, роҳбари маҳфил Абдураҳимзода Ш.Р. бо сухани ҷамъбастӣ баромад намуда, аз фаъолияти гурӯҳи «Ҷарроҳон»-и маҳфили илмии “Дурахшон” изҳори қаноатмандӣ намуд.
     Баргузории маҳфилҳои илмӣ собит месозад, ки донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, метавонанд дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба ва рақобатпазир дар ҷомеа ба воя расанд.
 
Хабарнигори  сомона 

Please publish modules in offcanvas position.