БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН АНАТОМИ ҶАВОН» ДАР ДДТХ

   
Дар доираи татбиқи «Нақшаи баргузории идҳои баҳорӣ» дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар заминаи кафедраи анатомияи нормалӣ озмуни илмӣ-маърифатии «Беҳтарин анатоми ҷавон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли курсҳои гуногун роҳандозӣ шуда, ба таҳкими донишҳои назариявӣ ва рушди малакаҳои амалии онҳо равона гардид.
 
  Озмун аз се давр иборат буда, ҳар як марҳила сатҳи гуногуни омодагии иштирокчиёнро фаро мегирифт. Дар даври аввал дониши назариявии донишҷӯён аз рӯи маводи асосии анатомияи инсон санҷида шуд. Даври дуюм ба таҳлили ҳолатҳои клиникӣ ва татбиқи донишҳои анатомӣ дар шароити амалӣ бахшида шуда буд. Дар даври ниҳоӣ иштирокчиён маҳорати худро дар шинохт ва тавсифи сохторҳои анатомӣ бо истифода аз муляжҳо ва дигар воситаҳои таълимӣ нишон доданд. Мақсади асосии баргузории озмун такмили сатҳи омодагии касбии донишҷӯён, амиқгардонии донишҳои бунёдӣ дар соҳаи анатомия, инкишофи тафаккури клиникӣ ва дарёфти донишҷӯёни болаёқат мебошад.
 
  Ҳамзамон, озмун ба баланд бардоштани шавқу ҳавас ба омӯзиши илмҳои тиббӣ ва тақвияти робитаи назария бо амалия мусоидат менамояд. Аҳаммияти чорабинӣ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки чунин озмунҳо барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди қобилияти таҳлил ва муқоисаи донишҳои назариявӣ бо ҳолатҳои воқеии тиббӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Илова бар ин, онҳо дар омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи тандурустӣ нақши муҳим мебозанд.
   
Аз рӯи натиҷаҳои даври ҷамъбастӣ, донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ, гурӯҳи 507- Аҳмадов Сардорбек бо нишон додани сатҳи баланди дониш ва маҳорати амалӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Мавсуф дар ҳамаи марҳилаҳои озмун натиҷаҳои назаррас нишон дода, бартарии худро миёни дигар иштирокчиён собит намуд.
 
Хабарнигори сомона 

Please publish modules in offcanvas position.