
Дар доираи татбиқи «Нақшаи баргузории идҳои баҳорӣ» дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар заминаи кафедраи анатомияи нормалӣ озмуни зеҳнии «Беҳтарин донандаи афоризм» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки васеи донишҷӯёни ҳамаи курсҳо доир шуда, фазои солими рақобати зеҳниро фароҳам овард. Озмун аз се давр иборат буда, ҳар як марҳила сатҳи дониш, ҳофиза ва қобилияти тафаккури мантиқии иштирокчиёнро муайян менамуд. Иштирокчиён дар ин даврҳо аз рӯи донистан ва шарҳи афоризмҳо, инчунин тавоноии татбиқи маънии онҳо дар ҳаёти рӯзмарра санҷида шуданд.
![]() |
![]() |
Мақсади баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён, ғанӣ гардондани захираи луғавӣ, рушди ҷаҳонбинии ахлоқӣ ва тарбияи ҳисси эҳтиром ба мероси адабӣ ва ҳикмати ниёгон мебошад. Аҳаммияти озмун дар таҳкими тафаккури интиқодӣ, инкишофи малакаҳои суханварӣ ва ташаккули шахсияти фарҳангиву маърифатноки донишҷӯён зоҳир мегардад. Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани завқи маънавӣ ва густариши донишҳои тиббии ҷавонон мусоидат менамоянд.
![]() |
![]() |
Аз рӯи натиҷаҳои даври ҷамъбастӣ, Фармонов Муҳаммад - донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ, гурӯҳи 103, бо ба даст овардани 194 хол миёни писарон ва Мамадшоева Нозбибӣ - донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ, гуруҳи 205, бо гирифтани 187 хол миёни духтарон сазовори ҷойи аввал дониста шуданд.

Хабарнигори сомона




