
Тибқи нақша-чорабиниҳои муовинати илм ва инноватсия дар кафедраи химияи тиббӣ ва экология санаи 24-уми апрели соли 2026 бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳамоиши илмӣ доир гардид.

Ҳамоишро мудири кафедра Султонмамади Гулмамад ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ аҳамияти даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”-ро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки масъалаи дастрасӣ ба оби тоза, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои калидии фаъолияти кафедра мебошад.

Дар қисмати муҳокимаи озод, донишҷӯён ва устодон пешниҳодҳои худро оид ба роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти илмӣ ва амалии кафедра дар самти об ва сарфакорона истифодабарии он баён карданд.
Хабарнигори сомона
