![]() |
![]() |
Дар доираи амалисозии нақша-чорабиниҳои муовинати илм ва нашрия, дар кафедраи биохимия ва биологияи тиббӣ санаи 25-уми апрели соли 2026 мизи мудаввар таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”" баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра ва инчунин омӯзгорони кафедраи химия тиббӣ ва экология, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Чорабинии илмиро мудири кафедра н.и.тех. Саидмуродзода З.С. ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ аҳаммияти даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”-ро барои рушди илм ва таълим дар соҳаи биологияи тиббӣ ва биохимия таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки масъалаи оби тоза ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ на танҳо як масъалаи муҳити зист, балки як омили муҳими саломатии инсон ва рушди устувори ҷомеа мебошад.
![]() |
![]() |
Дар ҷамъбаст иштирокчиён масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои обӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намуданд.
Хабарнигори сомона




