
Санаи 24-уми апрели соли 2026 дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён таҳти унвони «РУШД ВА ҲАМГИРОӢ: ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ ДАР АМАЛИЯИ КЛИНИКӢ» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷиҳати иштирок дар кори конференсия аз МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” як гурӯҳ олимони ҷавон ва донишҷӯён, ки аз 7 нафар омӯзгор ва 13 нафар донишҷӯ иборат буданд, бо роҳбарии н.и.т. Холов А.Д. - мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №4 сафарбар карда шуданд. Иштирокчиёни ДДТХ дар бахшҳои конфронс бо маърӯзаҳои илмии худ фаъолона ширкат варзиданд.
Пас аз ҷамъбасти конфронс ва натиҷагирии он, аз иштирокчиёни ДДТХ 3 нафар омӯзгор: Фурохов И.Ё.- ассистенти кафедраи “Фанҳои ҷарроҳии №1”, Ғофилова М.З. - ассистенти кафедраи “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ”, Нурматов У.С. – омӯзгори кафедраи “Фанҳои ҷомешиносӣ” сазовори Дипломи дараҷи III гардиданд.

Аз байни донишҷӯён бошад 3 нафар: Зоирова Г.Х. - донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ аз кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ”, Рустамқулова Г.Ш. - донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ аз кафедраи “Фанҳои ҷарроҳии №1”, Қурбонова Б.Ш. - донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ аз кафедраи “Фанҳои муолиҷавии №1” сазовори Дипломи дараҷи III гардиданд. Дар маҷмуъ аз 20 нафар маърӯзачиён 6 нафар сазовори Дипломи дараҷи III гардиданд.

Хабарнигори сомона
