ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДДТХ

 

  Бахшида ба ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Раёсати донишгоҳ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани муҳити атроф, беҳтар намудани шароити маишӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намудааст.
 

  Дар ин замина, бахши хоҷагидории донишгоҳ корҳои ободониву кабудизоркуниро ба таври густурда ба роҳ монда, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва ороиширо дар ҳудуди донишгоҳ роҳандозӣ намуд. Ин иқдом ба зебогии муҳити донишгоҳ ҳусни тоза зам намуда, фазои онро боз ҳам дилнишинтар гардонид.
    Ҳамзамон, фаъолияти ҳамарӯзаи бахши хоҷагидорӣ ва дар доираи ташкили ҳашарҳои дастаҷамъонаи омӯзгорону донишҷӯён, гирду атрофи донишгоҳ мунтазам тозаву озода нигоҳдорӣ гардида истодааст. Дар раванди корҳои тозакунӣ алафҳои худрӯй пурра нест карда шуда, роҳравҳо, майдончаҳо ва дигар мавзеъҳо ба тартиб дароварда шуданд.
   

Ба нигоҳубини дарахтони ороишӣ ва сояафкан низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, онҳо пайваста обёрӣ, шаклдиҳӣ ва ороста нигоҳ дошта мешаванд. Ин тадбирҳо барои ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани фазои солиму гуворо мусоидат менамоянд.
    Қобили зикр аст, ки корҳои ободонӣ танҳо ба ин марҳила маҳдуд нашуда, дар оянда низ идома хоҳанд ёфт. Раёсати донишгоҳ тасмим дорад, ки бо татбиқи барномаҳои нав, ҷалби бештари кормандону донишҷӯён ва истифодаи усулҳои муосири кабудизоркунӣ сатҳи ободонӣ ва зебоии донишгоҳро боз ҳам баланд бардорад.
 

  Бешубҳа, чунин иқдомҳо дар баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, дӯстдории муҳити зист ва ифтихор аз муассисаи таълимӣ миёни кормандон ва донишҷӯён нақши муҳим мегузоранд.

Бахши хоҷагидории донишгоҳ.

Please publish modules in offcanvas position.